https://sputnik.tj/20220210/raisi-parlumoni-tojikiston-eron-ruzi-milli-tabrik-1045715722.html
Раиси парлумони Тоҷикистон ҳамтои эрониашро бо Рӯзи миллӣ табрик кард
Раиси парлумони Тоҷикистон ҳамтои эрониашро бо Рӯзи миллӣ табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як паёме фаро расидани рӯзи миллии Эронро ба раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ табрик гуфт
2022-02-10T17:10+0500
2022-02-10T17:10+0500
2022-02-10T20:06+0500
дар тоҷикистон
эрон
парлумон
табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813217_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_abf6ca46e94d6c0452db22a202a4a9f7.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар паёме фаро расидани Рӯзи миллии Эронро ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ табрик гуфт, иттилоъ додааст радиои "Садои Хуросон".Дар паёми худ раиси парлумони Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар партави арзишҳои дӯстӣ ва бародарӣ ва муштаракоти таърихии мардумони ҳамзабон ва ҳамфикри Тоҷикистон ва Эрон муносиботи байнипарлумонии ду кишвар пайваста рушд ва тавсеа хоҳад ёфт.Ҳамчунин раиси парлумони Тоҷикистон дар паёми худ ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ саломатӣ, саодати рӯзгор ва барои кишвари Эрон пешрафт ва шукуфоӣ таманно кардааст.Ёдрас менамоем, ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.Байни ду кишвар зиёда аз 170 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 14 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
https://sputnik.tj/20220209/usuf-rahmon-dastovardhoi-elektronii-qazoii-eron-1045694226.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813217_146:0:965:614_1920x0_80_0_0_371d90910475aeec4309f938496726f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, зокирзода, парлумон, эрон, рӯзи миллӣ, табрико, пайём
тоҷикистон, зокирзода, парлумон, эрон, рӯзи миллӣ, табрико, пайём
Раиси парлумони Тоҷикистон ҳамтои эрониашро бо Рӯзи миллӣ табрик кард
17:10 10.02.2022 (Навсозишуда: 20:06 10.02.2022) Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як паёме фаро расидани Рӯзи миллии Эронро ба раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар паёме фаро расидани Рӯзи миллии Эронро ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ табрик гуфт, иттилоъ додааст радиои "Садои Хуросон".
Дар паёми худ раиси парлумони Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар партави арзишҳои дӯстӣ ва бародарӣ ва муштаракоти таърихии мардумони ҳамзабон ва ҳамфикри Тоҷикистон ва Эрон муносиботи байнипарлумонии ду кишвар пайваста рушд ва тавсеа хоҳад ёфт.
“Заминасозӣ ҷанбаҳои ҷадиди созанда шуда, тавсеаи бештар пайдо хоҳад кард ва сабаби густариши беш аз пеши ҳамгароиҳо дар ҳавзаи қонунгузории ҳар ду тараф бо дастовардҳои эътимодбахш хоҳад шуд”, - таъкид кардааст Муҳаммадтоҳири Зокирзода.
Ҳамчунин раиси парлумони Тоҷикистон дар паёми худ ба Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ саломатӣ, саодати рӯзгор ва барои кишвари Эрон пешрафт ва шукуфоӣ таманно кардааст.
Ёдрас менамоем, ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.
Байни ду кишвар зиёда аз 170 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 14 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.