https://sputnik.tj/20220210/dima-bilan-giriftori-koronavirus-shud-1045720105.html
Дима Билан гирифтори коронавирус шуд
Дима Билан гирифтори коронавирус шуд
Sputnik Тоҷикистон
ВАО хабар доданд, ки Дима Билан дар беморхона бистарӣ шудааст, намояндагони рассом аллакай ин маълумотро шарҳ додаанд
2022-02-10T15:30+0500
2022-02-10T15:30+0500
2022-02-10T19:37+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дима билан
ситораҳо
тандурустӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0e/1032998154_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_8b8c7a93206ea2b1b0019ffe004bd375.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шабакаҳои телеграммии Русия хабар доданд, ки Дима Билан дар бемористон бистарӣ шудааст. Тибқи хабарҳои пешакӣ, ҳунарманд бо нишонаҳои бемории корона дар Маскав бистарӣ шудааст. Расонаҳо мегӯянд, ки сароянда дар ҳолати вазнин қарор дорад. Гуфта мешавад, ҳунарманд дарди гулӯ ва бинии баста дошта, ҳарораташ тақрибан 37,5 дараҷа буд ва барои кумак ба мутахассисон муроҷиат кардааст. Билан тасдиқ кард, ки ӯ COVID-19 дорад, аммо худро хуб ҳис мекунад ва консерти навбатии ӯ баргузор мешавад, менависад "Пятый канал". Илова бар ин директори консерти Дима Билан дар шарҳи РИА "Новости" хабарҳо дар бораи бистарӣ шудани овозхонро рад кард. Ҳамчунин дар шабакаҳои "Telegram" маълумот доданд, ки санҷиши экспресстести Билан манфӣ баромада, санҷиши ПСР-аш гӯё мусбат баромадааст. Ҳатто қайд карда шуд, ки шушҳои сароянда санҷида шудаанд ва осеби онҳо ошкор нашудааст. Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи рус аллакай боре бо иллати пневмония бистарӣ шуда буд. Ин дар моҳи августи соли 2020 буд. Пас аз он Билан иқрор шуд, ки аллакай ҳангоми консертҳо ӯ бо ҳарорати баланд ба саҳна баромад ва худро бад эҳсос кард.Жириновский чӣ ҳол дорад? посухи Вазорати тандурустии Русия "Дар Ялта ман ба қаиқ савор шудам, хунук хӯрдам, бинии ман бемор шуд ва умуман дар Санкт-Петербург ман аллакай ҳарорати баланд доштам", - гуфт Дима Билан.
https://sputnik.tj/20220210/zhirinovski-hol-ast-1045708856.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0e/1032998154_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6a802fd5d307ceb9cfd4abfb31ddf10b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дима билан, коронавирус
Дима Билан гирифтори коронавирус шуд
15:30 10.02.2022 (Навсозишуда: 19:37 10.02.2022) ВАО хабар доданд, ки овозхони маъруфи рус ва ягона ғолиби "Евровидение" аз Русия дар беморхона бистарӣ шудааст. Атрофиёни ин ҳунарманд аллакай ин қазияро шарҳ додаанд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шабакаҳои телеграммии Русия хабар доданд, ки Дима Билан дар бемористон бистарӣ шудааст.
Тибқи хабарҳои пешакӣ, ҳунарманд бо нишонаҳои бемории корона дар Маскав бистарӣ шудааст.
Расонаҳо мегӯянд, ки сароянда дар ҳолати вазнин қарор дорад. Гуфта мешавад, ҳунарманд дарди гулӯ ва бинии баста дошта, ҳарораташ тақрибан 37,5 дараҷа буд ва барои кумак ба мутахассисон муроҷиат кардааст.
Билан тасдиқ кард, ки ӯ COVID-19 дорад, аммо худро хуб ҳис мекунад ва консерти навбатии ӯ баргузор мешавад, менависад "Пятый канал".
Илова бар ин директори консерти Дима Билан дар шарҳи РИА "Новости" хабарҳо дар бораи бистарӣ шудани овозхонро рад кард.
"Ин шахс дар хона аст, дар беморхона бистарӣ нашудааст. Намедонам, ин маълумотро шумо аз куҷо мегиред", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин дар шабакаҳои "Telegram" маълумот доданд, ки санҷиши экспресстести Билан манфӣ баромада, санҷиши ПСР-аш гӯё мусбат баромадааст.
Ҳатто қайд карда шуд, ки шушҳои сароянда санҷида шудаанд ва осеби онҳо ошкор нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи рус аллакай боре бо иллати пневмония бистарӣ шуда буд. Ин дар моҳи августи соли 2020 буд.
Пас аз он Билан иқрор шуд, ки аллакай ҳангоми консертҳо ӯ бо ҳарорати баланд ба саҳна баромад ва худро бад эҳсос кард.
"Дар Ялта ман ба қаиқ савор шудам, хунук хӯрдам, бинии ман бемор шуд ва умуман дар Санкт-Петербург ман аллакай ҳарорати баланд доштам", - гуфт Дима Билан.