https://sputnik.tj/20220210/bozdidi-nazdik-gardishgari-khoriji-novobasta-pandemiya-1045709178.html
Боздиди наздик ба 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон новобаста аз пандемия
Боздиди наздик ба 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон новобаста аз пандемия
Sputnik Тоҷикистон
Соли гузашта новобаста аз паҳншавии вируси корона наздик ба 300 ҳазор гардишгарони хориҷӣ аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон боздид карданд
2022-02-10T13:20+0500
2022-02-10T13:20+0500
2022-02-21T12:53+0500
дар тоҷикистон
пандемия
гардишгарӣ
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101644/73/1016447396_0:106:1600:1006_1920x0_80_0_0_b50fa59214e89d798a6eec83b90d0405.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаригардида ба кишвар 296 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба кишвар омадаанд.Вай афзуд, ки дар кишвар барои баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ 290 субъекти сайёҳӣ фаъолияти густурда дорад.“Аз ин омор 182 меҳмонхона, 30 адад ҳостел ва мотелҳо, 50 осоишгоҳ ва дигар марказҳои солимгардонӣ, муолиҷавӣ ва истироҳатӣ, кемпингҳо ва чор адад пойгоҳи сайёҳию истироҳатӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд”, - гуфт оқои Ҷӯразода.Ифтитоҳи хатсайри нави гардишгарӣ: Душанбе - Файзобод - РоғунРаиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли гузашта кумита муаррифии имконияти сайёҳии кишвар дар дохил ва хориҷи ҷумҳуриро ба роҳ монда, ба хотири эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар намудани симои сайёҳии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа 40 чорабинии гуногунро дар сатҳи миллию байналмилалӣ баргузор кард.“Кумита ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти сайёҳии кишварҳои хориҷӣ тавсеа бахшида, дар ин самт санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузоранд”, - афзуд оқои Ҷӯразода.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101644/73/1016447396_2:0:1426:1068_1920x0_80_0_0_af609408b4596f41b2ff1b02e5ea65af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гардишгарӣ, сайёҳӣ, пандемия
тоҷикистон, гардишгарӣ, сайёҳӣ, пандемия
Боздиди наздик ба 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон новобаста аз пандемия
13:20 10.02.2022 (Навсозишуда: 12:53 21.02.2022) Соли гузашта новобаста аз паҳншавии вируси корона наздик ба 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон боздид карданд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаригардида ба кишвар 296 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба кишвар омадаанд.
Вай афзуд, ки дар кишвар барои баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ 290 субъекти сайёҳӣ фаъолияти густурда дорад.
“Аз ин омор 182 меҳмонхона, 30 адад ҳостел ва мотелҳо, 50 осоишгоҳ ва дигар марказҳои солимгардонӣ, муолиҷавӣ ва истироҳатӣ, кемпингҳо ва чор адад пойгоҳи сайёҳию истироҳатӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд”, - гуфт оқои Ҷӯразода.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли гузашта кумита муаррифии имконияти сайёҳии кишвар дар дохил ва хориҷи ҷумҳуриро ба роҳ монда, ба хотири эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар намудани симои сайёҳии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа 40 чорабинии гуногунро дар сатҳи миллию байналмилалӣ баргузор кард.
“Кумита ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти сайёҳии кишварҳои хориҷӣ тавсеа бахшида, дар ин самт санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузоранд”, - афзуд оқои Ҷӯразода.