Имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миён Тоҷикистону Эрон дар масоили қазоӣ

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Додситонҳои кулли Эрон ва Тоҷикистон ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои қазоӣ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба имзо расониданд, иттилоъ додаанд расонаҳои Эрон.
Ба иттилои манбаъ, пешгирӣ, кашф, таҳқиқ ва таъқиби муҷримон, ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳо, табодули таҷрибиёт ва иттилоот дар хусуси мавзуъҳои мавриди алоқаи муштарак ва равияҳои ҷиноӣ, ройзанӣ барои ҳамкориҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи муҳтавои ин ёддошти тафоҳум аст.
Муҳаммадтакии Собири, посол Ирана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Собирӣ: Ҳеҷ кишваре ба андозаи Эрон ба Тоҷикистон дилбастагӣ ва иртиботи наздик надорад
Ҳамчунин дар муҳтавои ин ёддошт таҳия ва баррасии дархостҳои вижаи истирдод ва мавзуъҳои ҳуқуқии мутақобил дар умури кайфарӣ, умури марбут ба ҷароими идорӣ ва табодули иттилоот дар мавриди низомҳои ҳуқуқӣ ва қонунҳои дохилии кишвари худ зикр шудааст.
Ҳамзамон табодули таҷрибаҳо дар мубориза бо ҷиноятҳо, аз ҷумлаи ҷиноятҳои созмонёфта, терроризм, ифротгароӣ, фасод, қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маводи равонгардон, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва фанновариҳои пешрафта, анвои дигар ҷароиме, ки таҳдиди ҷиддӣ барои ҷомеа ҳастанд, аз ҷумла бозгардондани дороиҳо ва амволи ба дастомада аз муҷрим аз дигар бандҳои мавриди тафоҳуми ду тараф аст.
Лентаи хабарҳо
0