https://sputnik.tj/20220209/shirinzoda-sath-bolotarin-bekori-vmkb-1045658106.html
Амонзода гуфт, Тоҷикистон чанд бекор дорад: сатҳи болотарин дар ВМКБ
Амонзода гуфт, Тоҷикистон чанд бекор дорад: сатҳи болотарин дар ВМКБ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, барои пайдо кардани кор ба ин ниҳод беш аз 141 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд
2022-02-09T12:21+0500
2022-02-09T12:21+0500
2022-05-22T10:47+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
бекорӣ
таъмин ба ҷои кор
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032655045_0:157:3000:1845_1920x0_80_0_0_b6d8523629cdf90353b9a4cd3d26155b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Аз 141,8 ҳазор корҷӯе, ки ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, дар соли 2021 расман 58,9 ҳазор нафар мақоми бекорро гирифтанд. Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Амонзода изҳор дошт, ки дар маҷмуъ тайи соли гузашта 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол буданд.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман 106,2 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯй сабт шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, сатҳи нисбатан баланди бекорӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 6% баробар буда, ин нишондод дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 2,9%, Хатлон - 2% ва дар Суғд - 1,9%-ро ташкил медиҳад. Дар мавриди кумакпулӣ дар давраи бекорӣ зикр гардид, ки соли 2021 ба 13 ҳазор нафар ҳудуди 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ба иттилои Амонзода, тайи соли гузашта ниҳоди таҳти идорааш ба беш аз 205,7 ҳазор нафар дар масоили гуногун хизматрасонӣ шудааст. Аз ҷумла 70,6 ҳазор нафар бо кор таъмин гардидаанд. Дар ин миён 7 ҳазор нафар аз ҳисоби квотаҳо, 3,3 ҳазор нафар аз тариқи гирифтани қарзҳои хурд ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ, 8,2 ҳазор нафар дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва 42,3 ҳазор нафари дигар бо роҳҳои дигар соҳиби ҷои кор шуданд.
https://sputnik.tj/20220209/muhojirat-tojikistoniyon-ziyod-russia-1045661106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032655045_166:0:2835:2002_1920x0_80_0_0_e1dc359ea5c3162b2611b614363e018b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширинзода, тоҷикистон, бекор
ширинзода, тоҷикистон, бекор
Амонзода гуфт, Тоҷикистон чанд бекор дорад: сатҳи болотарин дар ВМКБ
12:21 09.02.2022 (Навсозишуда: 10:47 22.05.2022) Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, барои пайдо кардани кор ба ин ниҳод беш аз 141 ҳазор нафар муроҷиат кардаанд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Аз 141,8 ҳазор корҷӯе, ки ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, дар соли 2021 расман 58,9 ҳазор нафар мақоми бекорро гирифтанд.
Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Амонзода изҳор дошт, ки дар маҷмуъ тайи соли гузашта 2 миллиону 480 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол буданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман 106,2 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯй сабт шудаанд. Ин ниҳод мегӯяд, сатҳи нисбатан баланди бекорӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 6% баробар буда, ин нишондод дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 2,9%, Хатлон - 2% ва дар Суғд - 1,9%-ро ташкил медиҳад.
Дар мавриди кумакпулӣ дар давраи бекорӣ зикр гардид, ки соли 2021 ба 13 ҳазор нафар ҳудуди 7,5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Ба иттилои Амонзода, тайи соли гузашта ниҳоди таҳти идорааш ба беш аз 205,7 ҳазор нафар дар масоили гуногун хизматрасонӣ шудааст. Аз ҷумла 70,6 ҳазор нафар бо кор таъмин гардидаанд.
Дар ин миён 7 ҳазор нафар аз ҳисоби квотаҳо, 3,3 ҳазор нафар аз тариқи гирифтани қарзҳои хурд ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ, 8,2 ҳазор нафар дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва 42,3 ҳазор нафари дигар бо роҳҳои дигар соҳиби ҷои кор шуданд.