https://sputnik.tj/20220209/nashri-omor-toza-giriftori-shifo-tajikistan-1045655551.html
Нашри омори тозаи гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон
Нашри омори тозаи гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, давоми шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 4 нафар гирифтори коронавирус шуд 09.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-09T09:00+0500
2022-02-09T09:00+0500
2022-02-09T15:49+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коронавирус
омикрон
бемор
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045431182_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_16b681d7012c79bb807351163f9527f3.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар шабонарӯзи охир 4 нафар гирифтор шудаанду 4 нафари дигар аз коронавирус шифо ёфтаанд. Ба иттилои манбаъ, аз оғози пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол 17 ҳазору 355 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд, ки ҳудуди 99,1% ё худ 17207 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди кулли фавтидагон аз ин беморӣ расман 124 нафар гуфта мешавад. Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон мавҷи сеюми коронавирус ҷараён дорад. Баъди чанд моҳи сабт нашудани гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, мақомоти тандурустии кишвар 21 январ аз бозгашти ин беморӣ хабар доданд. Бар асоси омори ироакардаи мақомоти Тоҷикистон, ҳолатҳои ҷадиди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар майли поинравӣ дорад. Дар мавҷи сеюм ягон ҳолати фавт сабт нашудааст. Дар ҳамин ҳол масъулин беҳтарину муътамадтарин роҳи ҳимоя аз коронавирусро ваксинагирӣ мегӯянд. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ҳудуди 80 дарсади сокинон ваксина гирифта, ин раванд идома дорад. Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" истифода бурда мешавад. Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт. Аммо масъулини Тоҷикистон тавзеҳ намедиҳанд, ки ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҷумҳурӣ аз кадом навъанд. Қаблан масъулини беҳдошт изҳор дошта буданд, ки таҷҳизот барои муайян кардани штамми омикронро надоранд.
https://sputnik.tj/20220208/karantin-omikron-befoida-1045650386.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045431182_59:0:1920:1396_1920x0_80_0_0_0dae602e7cb601a44957e24d46707380.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, коронавирус, омикрон, бемор
дар тоҷикистон, тандурустӣ, коронавирус, омикрон, бемор
Нашри омори тозаи гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон
09:00 09.02.2022 (Навсозишуда: 15:49 09.02.2022) Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, давоми шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 4 нафар гирифтори коронавирус шуд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар шабонарӯзи охир 4 нафар гирифтор шудаанду 4 нафари дигар аз коронавирус шифо ёфтаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз оғози пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол 17 ҳазору 355 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд, ки ҳудуди 99,1% ё худ 17207 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди кулли фавтидагон аз ин беморӣ расман 124 нафар гуфта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон мавҷи сеюми коронавирус ҷараён дорад. Баъди чанд моҳи сабт нашудани гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, мақомоти тандурустии кишвар 21 январ аз бозгашти ин беморӣ хабар доданд.
Бар асоси омори ироакардаи мақомоти Тоҷикистон, ҳолатҳои ҷадиди гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар майли поинравӣ дорад. Дар мавҷи сеюм ягон ҳолати фавт сабт нашудааст.
Дар ҳамин ҳол масъулин беҳтарину муътамадтарин роҳи ҳимоя аз коронавирусро ваксинагирӣ мегӯянд. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, феълан ҳудуди 80 дарсади сокинон ваксина гирифта, ин раванд идома дорад.
Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" истифода бурда мешавад.
Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт. Аммо масъулини Тоҷикистон тавзеҳ намедиҳанд, ки ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҷумҳурӣ аз кадом навъанд. Қаблан масъулини беҳдошт изҳор дошта буданд, ки таҷҳизот барои муайян кардани штамми омикронро надоранд.