https://sputnik.tj/20220209/iroda-tolibu-sardi-piruz-shodi-kudakon-afghon-oghozi-dars-1045688049.html
Ирода бар толибу сардӣ низ пирӯз шуда: шодии кӯдакони афғонистонӣ аз оғози дарс – видео
Ирода бар толибу сардӣ низ пирӯз шуда: шодии кӯдакони афғонистонӣ аз оғози дарс – видео
Sputnik Тоҷикистон
Духтарони хурдсоли афғон дар вилояти Бадахшон аз оғози дарс хушҳол шуданд ва сахтиҳои зимистону надштани либоси гарм барои рафтан ба мактаб монеа нашудааст
2022-02-09T19:30+0500
2022-02-09T19:30+0500
2022-02-09T19:46+0500
дар тоҷикистон
видео
афғонистон
мактаб
дарс
духтарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045687845_0:33:1256:739_1920x0_80_0_0_94884934207bae8a4376a83c7c53e22a.jpg
Духтарон, хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар навоҳии дурдасти Бадахшон дар рӯзҳои сард ва барфи зимистон бо ҳавас ба мактаб мераванд.Ёдрас менамоем, ки Воҳидуллоҳ Ҳошимӣ, мудири барномаҳои хориҷӣ ва кумакҳои Вазорати маорифи ҳукумати толибҳо қаблан гуфта буд, ки ҳама духтарон дар ояндаи наздик ба макотиб бармегарданд ва ба зудӣ бахшномаи ҷадид дар саросари кишвар содир хоҳад шуд.Ӯ дар идома гуфт: "Толибҳо муваззафанд, ки духтаронро таълим диҳаду талош доранд, роҳҳои бозгардонидани онҳоро ба мактаб пайдо намоянд ва ҳеҷ як омӯзгори зан аз кор барканор нашудааст. Ин паёми мусбат ба ҷаҳониён аст, ки мо рӯи механизми он кор мекунем ва ба дунболи ҳазфи онҳо аз макотиб ва донишгоҳҳо нестем".Ҳошимӣ таъкид кард, ки омӯзиш мисли дигари заминаҳои давлатӣ аст, ки дар асари қатъ шудани ғайримунтазираи ҳимояти хориҷӣ дар пайи фурӯпошии давлати собиқ мутазаррир мешавад."Агар онҳо воқеан мехоҳанд, духтаронро дар мактабҳо бубинанд, бояд ҳоло ба мо кумак кунанд", - гуфт ӯ.Ҳошимӣ дар масъалаи таҳсили духтарон гуфт, Вазорати маориф бар рӯи як равиши нав дар мактабҳо кор мекунад, то онро бо усулҳои исломӣ ва фарҳанги дохилию меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045687845_9:0:1065:792_1920x0_80_0_0_0813ae02849272bafd46d76b753296b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тобон, шодӣ, кӯдакон, афғон, зимистон
тоҷикистон, тобон, шодӣ, кӯдакон, афғон, зимистон
Ирода бар толибу сардӣ низ пирӯз шуда: шодии кӯдакони афғонистонӣ аз оғози дарс – видео
19:30 09.02.2022 (Навсозишуда: 19:46 09.02.2022) Духтарони хурдсоли афғонистонӣ дар вилояти Бадахшон аз оғози дарс хушҳол шуданд ва сахтиҳои зимистону надоштани либоси гарм барои рафтан ба мактаб монеи онҳо нашудааст
Духтарон, хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар навоҳии дурдасти Бадахшон дар рӯзҳои сард ва барфи зимистон бо ҳавас ба мактаб мераванд.
Ёдрас менамоем, ки Воҳидуллоҳ Ҳошимӣ, мудири барномаҳои хориҷӣ ва кумакҳои Вазорати маорифи ҳукумати толибҳо қаблан гуфта буд, ки ҳама духтарон дар ояндаи наздик ба макотиб бармегарданд ва ба зудӣ бахшномаи ҷадид дар саросари кишвар содир хоҳад шуд.
“Мутахассисони мо рӯи он кор мекунанд ва мо ба зудӣ онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон хоҳем кард", - афзуд ӯ.
Ӯ дар идома гуфт: "Толибҳо муваззафанд, ки духтаронро таълим диҳаду талош доранд, роҳҳои бозгардонидани онҳоро ба мактаб пайдо намоянд ва ҳеҷ як омӯзгори зан аз кор барканор нашудааст. Ин паёми мусбат ба ҷаҳониён аст, ки мо рӯи механизми он кор мекунем ва ба дунболи ҳазфи онҳо аз макотиб ва донишгоҳҳо нестем".
Ҳошимӣ таъкид кард, ки омӯзиш мисли дигари заминаҳои давлатӣ аст, ки дар асари қатъ шудани ғайримунтазираи ҳимояти хориҷӣ дар пайи фурӯпошии давлати собиқ мутазаррир мешавад.
"Агар онҳо воқеан мехоҳанд, духтаронро дар мактабҳо бубинанд, бояд ҳоло ба мо кумак кунанд", - гуфт ӯ.
Ҳошимӣ дар масъалаи таҳсили духтарон гуфт, Вазорати маориф бар рӯи як равиши нав дар мактабҳо кор мекунад, то онро бо усулҳои исломӣ ва фарҳанги дохилию меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад.