Ташкили комиссия барои фаъолсозии масҷидҳои ҳуҷҷатгузоринашуда дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевНамаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе
Намаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
Раёсати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ваъда дод, ки фаъол кардани бархе масоҷиди сари вақт ҳуҷҷатгузоринашударо баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон сабаби аз фаъолият мондани бархе аз масоҷид дар кишварро тавзеҳ дод.
Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, вақте ба қонунгузории кишвар дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ тағйирот ворид гардид, муҳлат дода шуд, ки сокинони навоҳии кишвар масоҷидро ҳуҷҷатгузорӣ намоянд.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ба далели саҳлангории бархе сокинони маҳаллаҳо, масоҷид сари вақт ҳуҷҷатгузорӣ нашуданд ва ба феҳрасти ягонаи масҷидҳо ворид нагардиданд.
Посетители на Новогодней ярмарке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Духтарони донишҷӯ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 7 нафар мондаанд
Дар посух ба ин суол ки чаро бисёре аз масҷидҳо феълан наметавонанд фаъолият дошта бошанд, Давлатзода посух дод, ки дар пайи муроҷиати шаҳрвандон ният доранд, комиссияи махсусе таъсис диҳанд, ки ба ин масъала машғул гардад.
Ӯ зикр намуд, соли 2019 чунин як комиссия ташкил гардид, ки беш аз 200 масҷиди аз фаъолият бозмондаро баррасӣ карда, баъди ҳуҷҷатгузорӣ барои фаъолияташон иҷозат дода шуд. Вай таъкид намуд, ки ба далели идомаи муроҷиатҳо ният доранд, комиссияи ҷадидеро ташкил кунанд, то мушкилот дар ин самт бартараф гардад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи дин, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 4 ҳазору 58 иттиҳодияи динӣ дар феҳрасти давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0