https://sputnik.tj/20220208/ruznomanigoron-imomkhatibon-kumida-1045614381.html
Рӯзноманигорон аз ғалатҳои хатибон гуфтанд. Кумита: Кадри арзанда набошад, чӣ кор кунем?
Рӯзноманигорон аз ғалатҳои хатибон гуфтанд. Кумита: Кадри арзанда набошад, чӣ кор кунем?
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дини кишвар сабаби аслии хонда шудани хутбаҳои "суст" аз ҷониби иддае аз имомхатибонро шарҳ дод 08.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-08T11:45+0500
2022-02-08T11:45+0500
2022-02-08T14:39+0500
кумитаи дин
имомхатибон
дар тоҷикистон
хутба
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031620175_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_16825eaa260f617ca5652aa78bc8e414.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар нишасти хабарии Кумитаи дини Тоҷикистон мавзуи хутбаҳои иддае аз имомхатибон баҳси гармеро барпо кард.Рӯзноманигорон ба раҳбарияти кумита дар бораи он гуфтанд, ки иддаи аз имомхатибон мавзуи тавсиякардаи ин ниҳодро бидуни шарҳ, пурра қироат ва ҳатто баъзе дар зимни қироати он ғалат ҳам мекунанд.Дар посух ба ин Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин гуфт: "Имомхатибони мо, мутаассифона, дар бисёр ҳолат болои худ кор намекунанд"."Ҳоло он ки ҳамон хутбае, ки аз ҷониби Маркази исломӣ тавсия карда мешавад, аз яку ним то ду саҳифа аст. Агар мо ҳарф ба ҳарф ҳам хонем, он 10 дақиқа вақтро намегирад",- гуфт Давлатзода.Ӯ гуфт, аксари мавъизаҳо ҳудуди ним соат фурсат талаб мекунанд, аммо чаро баъзе аз иммомхатибон наметавонад дар ин вақт нуқтаҳои асосиро шарҳу тавзеҳ диҳанд ё вобаста ба масъалаҳое, ки дар маҳал аст, ба мисоли коста шудани одобу ахлоқ ва ё оилавайронӣ посух диҳанд, суолест, ки ҳанӯз посухи худро пайдо накарда. Номбурда гуфт, имомхатибон низ дар асоси маҷлиси бошандагони маҳал интихоб мегарданд.Ҳазамон аз раҳбарияи Кумитаи дин пурсида шуд, ки агар сокинон ба ободии масҷид ва ё иншооти ёрирасон иқдом кунанд, аз раҳбари ҷамоат то нозири минтақавию дигар афрод кордор мешаванд, чаро барои ҳимоят аз ин гуна садо баланд намекунанд?Давлатзода дар посух ба ин пурсиш гуфт, қоида чунин аст, ки пеш аз сохтани иншооти ёрирасон ва ҳатто таъмир низ бояд иҷозатнома гирифт ва ё онро дар мувофиқа бо мақомот анҷом дод.
https://sputnik.tj/20220208/haj-posukh-kumita-din-1045612374.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/16/1031620175_47:0:2718:2003_1920x0_80_0_0_76ce72ea1518e44a87cb4b4b384aa817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзноманигорон ғалат хатибон кумита кадри
рӯзноманигорон ғалат хатибон кумита кадри
Рӯзноманигорон аз ғалатҳои хатибон гуфтанд. Кумита: Кадри арзанда набошад, чӣ кор кунем?
11:45 08.02.2022 (Навсозишуда: 14:39 08.02.2022) Кумитаи дини кишвар сабаби аслии хонда шудани хутбаҳои "суст" аз ҷониби иддае аз имомхатибонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар нишасти хабарии Кумитаи дини Тоҷикистон мавзуи хутбаҳои иддае аз имомхатибон баҳси гармеро барпо кард.
Рӯзноманигорон ба раҳбарияти кумита дар бораи он гуфтанд, ки иддаи аз имомхатибон мавзуи тавсиякардаи ин ниҳодро бидуни шарҳ, пурра қироат ва ҳатто баъзе дар зимни қироати он ғалат ҳам мекунанд.
Дар посух ба ин Давлатзода Сулаймон, раиси Кумитаи дин гуфт: "Имомхатибони мо, мутаассифона, дар бисёр ҳолат болои худ кор намекунанд".
"Ҳоло он ки ҳамон хутбае, ки аз ҷониби Маркази исломӣ тавсия карда мешавад, аз яку ним то ду саҳифа аст. Агар мо ҳарф ба ҳарф ҳам хонем, он 10 дақиқа вақтро намегирад",- гуфт Давлатзода.
Ӯ гуфт, аксари мавъизаҳо ҳудуди ним соат фурсат талаб мекунанд, аммо чаро баъзе аз иммомхатибон наметавонад дар ин вақт нуқтаҳои асосиро шарҳу тавзеҳ диҳанд ё вобаста ба масъалаҳое, ки дар маҳал аст, ба мисоли коста шудани одобу ахлоқ ва ё оилавайронӣ посух диҳанд, суолест, ки ҳанӯз посухи худро пайдо накарда.
Номбурда гуфт, имомхатибон низ дар асоси маҷлиси бошандагони маҳал интихоб мегарданд.
"Дар сурати дар маҳал набудани кадри арзанда мо чӣ кор кунем?",- гуфт Раиси кумита.
Ҳазамон аз раҳбарияи Кумитаи дин пурсида шуд, ки агар сокинон ба ободии масҷид ва ё иншооти ёрирасон иқдом кунанд, аз раҳбари ҷамоат то нозири минтақавию дигар афрод кордор мешаванд, чаро барои ҳимоят аз ин гуна садо баланд намекунанд?
Давлатзода дар посух ба ин пурсиш гуфт, қоида чунин аст, ки пеш аз сохтани иншооти ёрирасон ва ҳатто таъмир низ бояд иҷозатнома гирифт ва ё онро дар мувофиқа бо мақомот анҷом дод.