https://sputnik.tj/20220208/qarz-agenti-barq-tojik-pardokht-1045628296.html
Миллионҳо доллари қарзи агентӣ дар назди "Барқи тоҷик": Раҳмон ду роҳи пардохтро гуфт
Миллионҳо доллари қарзи агентӣ дар назди "Барқи тоҷик": Раҳмон ду роҳи пардохтро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ду роҳи пардохти қарз вуҷуд дорад: боло бурдани нархи об ё дархости субсидияҳои давлатӣ
2022-02-08T15:53+0500
2022-02-08T15:53+0500
2022-02-08T18:02+0500
"барқи тоҷик"
дар тоҷикистон
обрасонӣ
қарзҳо
барқ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:4288:2412_1920x0_80_0_0_8596f8c0c825d490b71a0bb00913e61f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон аз ширкати энержии "Барқи тоҷик" 366 миллион сомонӣ (32,4 миллион доллар) қарздор аст. Дар ин бора ба хабарнигорон директори ин ниҳод Холмурод Раҳмон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, дар як сол қарзи ин ниҳод ба ин ширкат 76 миллион сомонӣ (6,7 миллион доллар) афзоиш ёфтааст. Дар соли 2021 истгоҳҳои обкашии кишвар беш аз 1 миллиард кВт-соат нерӯи барқ истифода кардаанд. Ҳоло дар Точикистон зиёда аз 400 пойгоҳи обкашӣ ва қариб 70 чоҳ кор мекунад, ки барои кашидани ҳар метри мукааби об 0,262 киловатт-соат қувваи барқ сарф мешавад.Холмурод Раҳмон таъкид кард, ки оҷонсӣ қарзи бузурги кредиторӣ ва дебиторӣ дорад, аз ҷумла аз рӯи ҳамаи намудҳои андоз. Ин вазъият ба гуфтаи ӯ, ин ҳама бо айби деҳқонон ба амал омадааст. Онҳо ба агентӣ 14 миллион долларро надоданд. Қарзи хоҷагиҳоро бо он шарҳ медиҳанд, ки пули хидматрасонӣ қисми зиёди даромади аслии хадамоти онҳоро ташкил медиҳад. Роҳбари агентӣ ду роҳи ҳалли мушкилотро пешниҳод кард. Якум ин афзудани нархи хидматрасонӣ аст. Аммо ин гуна тадбирҳо мумкин ба ҷайби деҳқон зарбаи ҷиддӣ зананд. Субсидияҳои давлатӣ метавонанд роҳи беҳтарини ҳалли мушкилот бошанд.
https://sputnik.tj/20220208/tojikiston-narkh-ob-polezi-garon-1045623906.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:3797:2848_1920x0_80_0_0_2bff13b9389cd5376f39ef6f672c13f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
миллионҳо доллар қарз агентӣ "барқи тоҷик" раҳмон пардохт
миллионҳо доллар қарз агентӣ "барқи тоҷик" раҳмон пардохт
Миллионҳо доллари қарзи агентӣ дар назди "Барқи тоҷик": Раҳмон ду роҳи пардохтро гуфт
15:53 08.02.2022 (Навсозишуда: 18:02 08.02.2022) Ду роҳи пардохти қарз вуҷуд дорад: боло бурдани нархи об ё дархости кумаки давлатӣ
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон аз ширкати энержии "Барқи тоҷик" 366 миллион сомонӣ (32,4 миллион доллар) қарздор аст.
Дар ин бора ба хабарнигорон директори ин ниҳод Холмурод Раҳмон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, дар як сол қарзи ин ниҳод ба ин ширкат 76 миллион сомонӣ (6,7 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2021 истгоҳҳои обкашии кишвар беш аз 1 миллиард кВт-соат нерӯи барқ истифода кардаанд.
Ҳоло дар Точикистон зиёда аз 400 пойгоҳи обкашӣ ва қариб 70 чоҳ кор мекунад, ки барои кашидани ҳар метри мукааби об 0,262 киловатт-соат қувваи барқ сарф мешавад.
Холмурод Раҳмон таъкид кард, ки оҷонсӣ қарзи бузурги кредиторӣ ва дебиторӣ дорад, аз ҷумла аз рӯи ҳамаи намудҳои андоз.
Ин вазъият ба гуфтаи ӯ, ин ҳама бо айби деҳқонон ба амал омадааст. Онҳо ба агентӣ 14 миллион долларро надоданд.
Қарзи хоҷагиҳоро бо он шарҳ медиҳанд, ки пули хидматрасонӣ қисми зиёди даромади аслии хадамоти онҳоро ташкил медиҳад.
Роҳбари агентӣ ду роҳи ҳалли мушкилотро пешниҳод кард. Якум ин афзудани нархи хидматрасонӣ аст.
"Тарифҳои обрасонӣ дар Тоҷикистон хеле қимати кам доранд, ки хароҷоти моро намепӯшонад", - таъкид кард Холмурод Раҳмон.
Аммо ин гуна тадбирҳо мумкин ба ҷайби деҳқон зарбаи ҷиддӣ зананд. Субсидияҳои давлатӣ метавонанд роҳи беҳтарини ҳалли мушкилот бошанд.