https://sputnik.tj/20220208/navruz-tajikistan-shabaka-jadid-televizion-1045646727.html
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизиони давлатӣ фаъол мешавад
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизиони давлатӣ фаъол мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, то ҷашни Наврӯз дар кишвар шабакаи нави телевизионӣ фаъол хоҳад шуд
2022-02-08T21:00+0500
2022-02-08T21:00+0500
2022-02-08T21:02+0500
дар тоҷикистон
телевизион
фаъол кардан
шабака
иттилоот
нуриддин саид
сайёҳӣ
тарғиби ҳунарҳои мардумӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0e/1038373822_0:2:1921:1082_1920x0_80_0_0_22f676b9985bb57548c8ec8a52baf205.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, корҳо барои фаъолсозии шабакаи телевизионии "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар марҳилаи анҷомёбист. Раиси Кумитаи телевизион зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, барои шабакаи ҷадид дастгоҳҳои муосири дорои дақиқияти баланд ворид гардида, ҳукумат аллакай дафтари кориро ба телевизиони ҷадид фароҳам кардаст. Ба иттилои манбаъ, телевзизиони ҷадид дар бинои сеошёнаи пешини Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии Вазорати саноату технологияҳои ҷадид дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ҷой мегирад. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки то ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ шабакаи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" пурра фаъол хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ду шабакаи давлатии нави телевизионӣ - "Илм ва табиат" ва "Шаҳнавоз" ифтитоҳ гардиданд. Ба иттилои кумита, феълан дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизион ва студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд. Таъкид шудаст, ки инчунин дар кишвар 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 22 радиои хусусӣ, 10 радиои давлаӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудивизиулӣ фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20220208/ostankino-dushanbe-naqshai-nuriddin-said-1045618721.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0e/1038373822_105:0:1812:1280_1920x0_80_0_0_4e9e739312c5ba10c18e7235009f8ce4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шабака, телевизион, фаъол, шабака
тоҷикистон, шабака, телевизион, фаъол, шабака
Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизиони давлатӣ фаъол мешавад
21:00 08.02.2022 (Навсозишуда: 21:02 08.02.2022) Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, то Ҷашни Наврӯз дар кишвар шабакаи нави телевизионие фаъол хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, корҳо барои фаъолсозии шабакаи телевизионии "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар марҳилаи анҷомёбист.
Раиси Кумитаи телевизион зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, барои шабакаи ҷадид дастгоҳҳои муосири дорои дақиқияти баланд ворид гардида, ҳукумат аллакай дафтари кориро ба телевизиони ҷадид фароҳам кардаст.
Ба иттилои манбаъ, телевзизиони ҷадид дар бинои сеошёнаи пешини Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии Вазорати саноату технологияҳои ҷадид дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ҷой мегирад.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки то ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ шабакаи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" пурра фаъол хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ду шабакаи давлатии нави телевизионӣ - "Илм ва табиат" ва "Шаҳнавоз" ифтитоҳ гардиданд.
Ба иттилои кумита, феълан дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизион ва студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд.
Таъкид шудаст, ки инчунин дар кишвар 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 22 радиои хусусӣ, 10 радиои давлаӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудивизиулӣ фаъолият доранд.