Намояндаи нави БРСММ дар Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард

© ВКХ ҶТРаҳбари нави БРСММ дар Тоҷикистон - Ленни Монтиел
Раҳбари нави БРСММ дар Тоҷикистон - Ленни Монтиел  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
Ленни Монтиел, намояндаи навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Намояндаи нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел ба кори худ оғоз кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ленни Монтиел аллакай эътимодномаашро ба вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин супоридааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳод табодули афкор намудаанд.
Мусоҳибон татбиқи лоиҳаҳо мутобиқ ба талаботи кишвар, инчунин дурнамои ҳамкории минбаъда дар доираи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 баррасӣ кардаанд.
Тележка для продуктов в супермаркете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
СММ: Қимати ғизо дар ҷаҳон дар як сол 28 дарсад боло рафт
Муҳриддин аз сатҳи ҳамкории муштарак бо БРСММ изҳори қаноатмандӣ карда, ба мавсуф ҷиҳати пешбурди фаъолият дар соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор комёбиҳо таманно кардааст.
Ленни Монтиел пештар ёвари котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар умури рушди иқтисодӣ дар департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ будааст.
Қабл аз ин истихдом, 18 ноябри соли 2014 Монтиел ба сифати ёвари котиби генералӣ дар умури иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рушд ифои вазифа менамуд.
Ленни Монтиел дар Созмони Милали Муттаҳид, дар соҳаи рушд низ дорои таҷрибаи зиёди корӣ аст.
Ӯ дар Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҳамоҳангсози доимӣ дар Туркманистон ва мушовири калони техникӣ дар Ветнам ва Украина низ фаъолият кардааст.
Монтиел дар Донишгоҳи Бирмингем таҳсил карда, дар он ҷо унвони доктори соҳаи сиёсати давлатӣ ва дар Институти хоҷагии халқи Беларус унвони магистранти иқтисодӣ гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0