https://sputnik.tj/20220208/muloqot-rustam-polkvnik-kovilin-tojikiston-1045636609.html
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Ковилин, фармондеҳи нави пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Ковилин, фармондеҳи нави пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Душанбе бо фармондеҳи нави пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд
2022-02-08T17:50+0500
2022-02-08T17:50+0500
2022-02-08T20:25+0500
душанбе
дар тоҷикистон
пойгоҳи 201
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_aeb08253c4858aa43ee9c5b46efff9fa.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо фармондеҳи навтаъйини пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилин мулоқот кардааст.Тибқи иттилои шаҳрдори пойтахт, дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ Ковилинро ба муносибати фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтааст.Ҷонибҳо ҳамзамон бештар ба мавзуоти такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегии миёни кишварҳо дахл кардаанд.Таъкид гардидааст, ки тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳамкориҳо сатҳу уфуқҳои навро касб карданд.Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субектҳои Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.Гуфта мешавад, дар мулоқот сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок дошт.Қобили зикр аст, ки пойгоҳи Русия, мустақар дар Тоҷикистон, бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар берун аз марзи он буда, ба ҳайати Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дохил мешавад.Мавриди зикр аст, ки ин пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳри Тоҷикистон, Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
https://sputnik.tj/20220113/farmondeh-poygoh-nizomi-rusiya-tojikiston-ivaz-1044773924.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_83:0:903:615_1920x0_80_0_0_0cd184130a97ae1129a2c2a9aacc545e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот рустам эмомалӣ ковилин пойгоҳ русия тоҷикистон
мулоқот рустам эмомалӣ ковилин пойгоҳ русия тоҷикистон
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Ковилин, фармондеҳи нави пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон
17:50 08.02.2022 (Навсозишуда: 20:25 08.02.2022) Шаҳрдори Душанбе бо фармондеҳи нави пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо фармондеҳи навтаъйини пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Геннадевич Ковилин мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдори пойтахт, дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ Ковилинро ба муносибати фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтааст.
"Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва пойгоҳи низомии 201-уми федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид",- афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ҳамзамон бештар ба мавзуоти такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегии миёни кишварҳо дахл кардаанд.
Таъкид гардидааст, ки тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳамкориҳо сатҳу уфуқҳои навро касб карданд.
Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субектҳои Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок дошт.
Қобили зикр аст, ки пойгоҳи Русия, мустақар дар Тоҷикистон, бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар берун аз марзи он буда, ба ҳайати Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дохил мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ин пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳри Тоҷикистон, Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.