Дар Ғарб ба тарафдории эътирофи ҳукумати толибҳо садо баланд шуд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARПредставитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
Фармондеҳи пешини НАТО дар Афғонистон ҷонибдори эътирофи ҳукумати толибҳост
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Лорд Дэвид Ричардс, ки соли 2006 ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фармондеҳӣ мекард, мехоҳад, ки Ғарб ҳарчи зудтар ҳукумати толибҳоро эътироф кунад.
Ба қавли Ричардс, Ғарб бояд шикасти худро эътироф кунад ва барои ҷилавгирӣ аз буҳрони гуманитарӣ толибонро дастгирӣ намояд.
Дар ин бора фармондеҳи собиқи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар суҳбат бо BBC иттилоъ дод.

"Дар ниҳоят Ғарб ҳукумати толибонро эътироф хоҳад кард, аз ин рӯ беҳтар аст, ки барвақттар ин кор анҷом дода шавад: на танҳо пас аз пирӯзӣ, балки пас аз шикаст низ саховатмандӣ зоҳир кардан лозим аст", - гуфтааст Ричардс.

Қаблан Ричардс гуфта буд, ки ИМА ва Бритониё тобистон барои боздоштани толибон ҳеҷ коре накарданд, аз ин рӯ ба сари қудрат омадани онҳо ногузир аст.
Акнун ин як кори анҷомшуда аст ва толибон масъули зиндагии 40 миллион афғонистонӣ ҳастанд.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Артиши Масъуд ба ҷанги густарда зидди толибон омодагӣ мегирад
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.
Қобили зикр аст, ки аз 33 намояндаи нави ҳукумати Афғонистон 17 нафари онҳо барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои байналмилалии СММ қарор доранд.
Ҳамакнун наздики шаш моҳ мешавад, ки толибҳо қудратро дар даст дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархе аз кишваҳои қудратманд шартҳои эътирофи толибҳоро, ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи занон гуфтанд, ки то кунун аз ҷониби ҳукумати ҷадиди Афғонистон иҷро нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0