https://sputnik.tj/20220208/emomali-rahmon-ba-sughd-raft-1045611136.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
Sputnik Тоҷикистон
Сафари кории президент аз шаҳри Бӯстон оғоз гардидааст 08.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-08T09:28+0500
2022-02-08T09:28+0500
2022-02-08T11:46+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
суғд
бӯстон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744935_0:0:2752:1547_1920x0_80_0_0_56f365e807307c9714ad128986e8a3f2.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 8 феврал ба шимоли кишвар, вилояти Суғд рафтааст.Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтаанд.Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд сурат гирифтааст.Сафари кории раисҷумҳури кишвар ба ин вилоят аз шаҳри Бӯстон оғоз гардида, дар ин шаҳри саноатӣ нахуст Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез”-ро боз кардааст.Гуфта мешавад, корхонаи мазкур дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, тавлид мешавад.Истеҳсоли мехҳои печон аз тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст, сурат мегирад.Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон, аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазиранд.Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки истеҳсоли мехҳои печонро мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Соли 2019 корхонаи якумро ҳам соҳибкорони шаҳри Бӯстон ба кор дароварда буданд.
https://sputnik.tj/20220124/sokhtmoni-se-korkhonai-azim-buston-1045103211.html
суғд
бӯстон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/02/1032744935_0:0:2440:1830_1920x0_80_0_0_75c0da2764e2a7a797185c14ef75b58a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон сафар суғд
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
09:28 08.02.2022 (Навсозишуда: 11:46 08.02.2022) Сафари кории президент аз шаҳри Бӯстон оғоз гардидааст
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 8 феврал ба шимоли кишвар, вилояти Суғд рафтааст.
Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд сурат гирифтааст.
Сафари кории раисҷумҳури кишвар ба ин вилоят аз шаҳри Бӯстон оғоз гардида, дар ин шаҳри саноатӣ нахуст Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез”-ро боз кардааст.
Гуфта мешавад, корхонаи мазкур дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, тавлид мешавад.
Истеҳсоли мехҳои печон аз тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст, сурат мегирад.
Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон, аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазиранд.
Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки истеҳсоли мехҳои печонро мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Соли 2019 корхонаи якумро ҳам соҳибкорони шаҳри Бӯстон ба кор дароварда буданд.