https://sputnik.tj/20220207/tojikiston-rusiya-nafaqa-muhojiron-1045548570.html
Акнун муҳоҷирон дар Русия нафақа мегиранд: Душанбею Маскав ба мувофиқа расиданд
Акнун муҳоҷирон дар Русия нафақа мегиранд: Душанбею Маскав ба мувофиқа расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамакнун шаҳрвандони кишвар, ки дар Федератсия Русия расман кор мекунанд имкон доранд нафақаи он кишварро гиранд
2022-02-07T09:50+0500
2022-02-07T09:50+0500
2022-02-21T12:09+0500
муҳоҷират
дар тоҷикистон
нафақа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044488750_0:93:2783:1658_1920x0_80_0_0_f167ca176e9561080640b6e30411a31c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия дар бораи додани нафақа ба муҳоҷирони корӣ ба мувофиқа расиданд, гуфт роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.Ӯ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия фаъолият мекунанд, имкон доранд, дар он кишвар ба нафақа бароянд.Гуфта мешавад, ҳамзамон агар шаҳрванд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Русия собиқаи корӣ дошта бошад, имкони дарёфти нафақа аз ҳар ду ҷонибро дорад.Ба иттилои манбаъ ин созишнома аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар моҳи августи соли 2021 имзо шудааст.Дар Тоҷикистон музди меҳнат зиёд мешавад: аз кӣ ва чӣ қадарГуфта мешавад, созишномаи дуҷониба ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.Қаблан вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақаи муҳоҷирони кориро тавзеҳ дода гуфта буд, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ нафақа хоҳанд гирифт.Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррари ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1d/1044488750_204:0:2783:1934_1920x0_80_0_0_a5f16f7d60431838d1f44a9b99d0c2f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон русия нафақа душанбе маскав
муҳоҷирон русия нафақа душанбе маскав
Акнун муҳоҷирон дар Русия нафақа мегиранд: Душанбею Маскав ба мувофиқа расиданд
09:50 07.02.2022 (Навсозишуда: 12:09 21.02.2022) Ҳамакнун шаҳрвандони кишвар, ки дар Федератсия Русия расман кор мекунанд, имкон доранд, аз он кишвар нафақа гиранд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия дар бораи додани нафақа ба муҳоҷирони корӣ ба мувофиқа расиданд, гуфт роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.
Ӯ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия фаъолият мекунанд, имкон доранд, дар он кишвар ба нафақа бароянд.
"Тибқи созишнома, шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд ва расман дар он кишвар маошашон суғурта шудааст, имкони дарёфти нафақаро доранд",- гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, ҳамзамон агар шаҳрванд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам Русия собиқаи корӣ дошта бошад, имкони дарёфти нафақа аз ҳар ду ҷонибро дорад.
Ба иттилои манбаъ ин созишнома аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар моҳи августи соли 2021 имзо шудааст.
Гуфта мешавад, созишномаи дуҷониба ҳаҷми нафақаеро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ҳастанду бояд бигиранд, танзим мекунад.
Қаблан вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақаи муҳоҷирони кориро тавзеҳ дода гуфта буд, коргарони хориҷӣ, ки дар Русия кор мекунанд, ҳангоми расидан ба синни мувофиқи қонунгузорӣ нафақа хоҳанд гирифт.
Муҳоҷирон аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия, барои онҳо пардохт мекунад, нафақа мегиранд", - таъкид кард вакили Думаи давлатӣ.
Ба гуфти вакил, чунин шакли муқаррари ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байналмилалӣ буда, тақрибан дар ҳамаи давлатҳо яксон аст.