https://sputnik.tj/20220207/nafaqa-yatim-tojikiston-1045549913.html
Нафақаи ятимон дар Тоҷикистон зиёд мешавад
Нафақаи ятимон дар Тоҷикистон зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон татбиқи фармони президенти ҷумҳурӣ дар бораи зиёд намудани пардохтҳои ҳармоҳа ба табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири шаҳрвандонро шуруъ... 07.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-07T11:55+0500
2022-02-07T11:55+0500
2022-02-07T18:56+0500
нафақа
дар тоҷикистон
кӯдакони ятим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045597741_0:226:1921:1306_1920x0_80_0_0_0479838ae261f54ced9316fe9b41abf0.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Пардохти моҳона барои кӯдакони ятим дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода хабар дод. Вай зикр кард, ки бо назардошти фармони ахири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми миёнаи пардохтҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони ятим дар ҷумҳурӣ то 233,9 сомонӣ расонида шуд. Барои онҳое, ки бе падару модар мондаанд, маблағи пардохт 151,75 сомониро ташкил медиҳад. Давлатзода ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 1653 кӯдаки ятим ва 79453 ноболиғи бе яке аз волидонашон ба қайд гирифта шудаанд. Ёдовар мешавем, президенти ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2021 афзоиши маош ва нафақа дар соли 2022-ро эълон карда буд. Бар пояи он, асосан пардохтҳои иҷтимоӣ ва маоши кормандони буҷетӣ 20-25 фоиз зиёд карда мешавад. Қарор дар бораи афзоиши кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнати сокинони кишвар дар оғози соли 2022 ба имзо расида буд. Мақсади асосии индексатсияи пардохтҳо баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номида шуд.
https://sputnik.tj/20220114/sharhi-farmoni-rahmon-maosh-nafaqa-stipendiya-1044809219.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/07/1045597741_0:0:1741:1306_1920x0_80_0_0_57c635e6add05e073e4fbaa118a1097e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нафақа, дар тоҷикистон, кӯдакони ятим
нафақа, дар тоҷикистон, кӯдакони ятим
Нафақаи ятимон дар Тоҷикистон зиёд мешавад
11:55 07.02.2022 (Навсозишуда: 18:56 07.02.2022) Дар Тоҷикистон татбиқи фармони президенти ҷумҳурӣ дар бораи зиёд намудани пардохтҳои ҳармоҳа ба табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири шаҳрвандонро шуруъ карданд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Пардохти моҳона барои кӯдакони ятим дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода хабар дод.
Вай зикр кард, ки бо назардошти фармони ахири раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми миёнаи пардохтҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони ятим дар ҷумҳурӣ то 233,9 сомонӣ расонида шуд.
Барои онҳое, ки бе падару модар мондаанд, маблағи пардохт 151,75 сомониро ташкил медиҳад.
Давлатзода ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 1653 кӯдаки ятим ва 79453 ноболиғи бе яке аз волидонашон ба қайд гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, президенти ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2021 афзоиши маош ва нафақа дар соли 2022-ро эълон карда буд.
Бар пояи он, асосан пардохтҳои иҷтимоӣ ва маоши кормандони буҷетӣ 20-25 фоиз зиёд карда мешавад.
Қарор дар бораи афзоиши кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнати сокинони кишвар дар оғози соли 2022 ба имзо расида буд.
Мақсади асосии индексатсияи пардохтҳо баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номида шуд.