Автогол ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби бозии тимҳои Тоҷикистону Молдова - видео

Обуна шудан
Федератсияи футболи Беларус лаҳзаҳои ҷолиби бозии тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Молдоваро нашр кард
Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон нахустин бозияшро дар Ҷоми рушд-2022 бо тими Молдова бо ҳисоби мусовӣ анҷом дод. Аз чор голи ин бозӣ се ададашро наврасони Молдова заданд, якеашон ба дарвозаи худи онҳо рафт.
Федератсияи футболи Белорус гузориш дод, ки бозии футболи тоҷикону молдовиҳо бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Ҳисобро дар даври аввал футболбозони тоҷик кушода, бо бартарият ба танаффус рафтанд. Дар дақиқаҳои аввали даври дуюм тими Молдова на танҳо ҳисобро баробар кард, балки тавонист аз тими тоҷикистонӣ пеш гузарад.
Голи сеюмро бозигари тими Молдова ба дарвозаи худ ворид намуд ва бо ҳамин бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол соли қабл соҳиби медалҳои тило ва барандаи Ҷоми рушд-2021 гардида буд.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск, тибқи системаи даврӣ баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0