https://sputnik.tj/20220207/artish-masud-jang-tolibon-omoda-1045546939.html
Артиши Масъуд ба ҷанги густарда зидди толибон омодагӣ мегирад
Артиши Масъуд ба ҷанги густарда зидди толибон омодагӣ мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Муқовимати Афғонистон ба зудӣ ба марҳилаи фаъоли ҳамла мегузарад: ҷанговарон то он даме, ки ҷумҳуриро аз зери идораи толибон комилан озод накунанд, мубориза мебаранд
2022-02-07T01:26+0500
2022-02-07T01:26+0500
2022-02-07T01:26+0500
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
афғонистон
толибон
ҷанг
осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107221_0:23:3069:1749_1920x0_80_0_0_b60f640c4866167afdb6c32f5f6711e6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар саросари кишвар алайҳи толибон ҷанг эълон кардааст. Дар ин бора дар сӯҳбат бо Afghanistan International раҳбари бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Майсама Назарӣ изҳор дошт. Вай таъкид кард, ки ҷангиён дар моҳҳои наздик ба марҳилаи фаъоли ҳамла мегузаранд. Дар баробари ин ҷабҳа ният дорад, ки то даме ки кишвар аз зери идораи толибон озод нашавад, муборизаро идома хоҳад дод. Ба гуфтаи Назарӣ, ҶММ ба пирӯзии худ шубҳа надорад. Аз ин пеш намояндаи Назарӣ дар мусоҳиба бо газетаи Le Sur-и Белгия аз нақшаҳои ҷанги калон бо толибон хабар дода буд. Ӯ гуфт, ки ҷанговарон пас аз зимистон ба ҳуҷумҳои густурда мегузаранд. Ҳадафи аслии сафари Назарӣ ба Аврупо мутақоид кардани намояндагони ин кишварҳо ба идомаи мубориза бо терроризм будааст. Вай қайд кард, ки ҳукумати кунунии Афғонистон пур аз ихтилофҳост, он "заъиф ва идоранашаванда аст". Бинобар сардиҳо ҶММ вақтҳои охир амалиёти зиёдеро анҷом намедиҳад. Бо вуҷуди ин, ҷангиён ба муқобили толибон ҳамарӯза муқовимат мекунанд. Чанде пеш онҳо дар вилояти Панҷшер бори дигар ба ифротгароён ҳамла карданд. Ғайр аз ин, ҷабҳа дар дигар минтақаҳои Афғонистон муқовимат мекунанд. Раҳбари нерӯҳои вижаи ҳукумати собиқи кишвар генерал Фарид Аҳмад низ қабла дар бораи тағйироти ҷидди дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 сухан гуфт. Дар навбати худ коршиноси умури Афғонистон Андрей Серенко таъкид кард, ки ҶБМ ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мегирад ва барномаи сиёсиро фаъолона таҳия мекунад. Толибон низ ба гунае омодагии муқовиматгаронро пай бурдаанд ва тибқи гузоришҳо аз Панҷшер ва Андароб ҳазорон нерӯи вижа фиристодаанд. Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, на дар як нуқта, балки аз чаҳор гӯшаи Афғонистон ҳамалотро боло толибон оғоз хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20220120/qudratro-jabha-muqovimat-hamalot-1044967953.html
https://sputnik.tj/20220121/tolibon-nabard-jabha-muqovimat-1045026005.html
афғонистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107221_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a625a05ab30539a5379259b58522bbdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш масъуд ҷанг толибон
артиш масъуд ҷанг толибон
Артиши Масъуд ба ҷанги густарда зидди толибон омодагӣ мегирад
Муқовимати Афғонистон ба зудӣ ба марҳилаи фаъоли ҳамла мегузарад: ҷанговарон то он даме, ки ҷумҳуриро аз зери идораи толибон комилан озод накунанд, мубориза мебаранд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар саросари кишвар алайҳи толибон ҷанг эълон кардааст. Дар ин бора дар сӯҳбат бо Afghanistan International раҳбари бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Алӣ Майсама Назарӣ изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки ҷангиён дар моҳҳои наздик ба марҳилаи фаъоли ҳамла мегузаранд.
Дар баробари ин ҷабҳа ният дорад, ки то даме ки кишвар аз зери идораи толибон озод нашавад, муборизаро идома хоҳад дод.
Ба гуфтаи Назарӣ, ҶММ ба пирӯзии худ шубҳа надорад.
Аз ин пеш намояндаи Назарӣ дар мусоҳиба бо газетаи Le Sur-и Белгия аз нақшаҳои ҷанги калон бо толибон хабар дода буд. Ӯ гуфт, ки ҷанговарон пас аз зимистон ба ҳуҷумҳои густурда мегузаранд.
Ҳадафи аслии сафари Назарӣ ба Аврупо мутақоид кардани намояндагони ин кишварҳо ба идомаи мубориза бо терроризм будааст.
Вай қайд кард, ки ҳукумати кунунии Афғонистон пур аз ихтилофҳост, он "заъиф ва идоранашаванда аст".
Бинобар сардиҳо ҶММ вақтҳои охир амалиёти зиёдеро анҷом намедиҳад. Бо вуҷуди ин, ҷангиён ба муқобили толибон ҳамарӯза муқовимат мекунанд.
Чанде пеш онҳо дар вилояти Панҷшер бори дигар ба ифротгароён ҳамла карданд. Ғайр аз ин, ҷабҳа дар дигар минтақаҳои Афғонистон муқовимат мекунанд.
Раҳбари нерӯҳои вижаи ҳукумати собиқи кишвар генерал Фарид Аҳмад низ қабла дар бораи тағйироти ҷидди дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 сухан гуфт.
Дар навбати худ коршиноси умури Афғонистон Андрей Серенко таъкид кард, ки ҶБМ ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мегирад ва барномаи сиёсиро фаъолона таҳия мекунад.
Толибон низ ба гунае омодагии муқовиматгаронро пай бурдаанд ва тибқи гузоришҳо аз Панҷшер ва Андароб ҳазорон нерӯи вижа фиристодаанд.
Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, на дар як нуқта, балки аз чаҳор гӯшаи Афғонистон ҳамалотро боло толибон оғоз хоҳад кард.