https://sputnik.tj/20220207/amonatbonk-khususi-rais-zarur-1045556754.html
Созмонҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, "Амонатбонк" хусусӣ шавад, аммо раис мегӯяд, зарур нест
Созмонҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, "Амонатбонк" хусусӣ шавад, аммо раис мегӯяд, зарур нест
Sputnik Тоҷикистон
Раиси феълии "Амонатбонк" мегӯяд, дар ҳоли ҳозир зарурати хусусигардонии ин бонкро намебинад
2022-02-07T13:55+0500
2022-02-07T13:55+0500
2022-02-07T18:57+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
амонатбонк
хусусӣ
сироҷиддин икромӣ
пасандоз
давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041056818_0:37:1280:757_1920x0_80_0_0_ed343219a0d2fb3ec0b11158e9acd568.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" гуфт, масъалаи таҷдиди сохтор ва хусусигардонии ин бонк аз ихтиёроти Ҳукумати Тоҷикистон аст. Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон изҳор дошт, ки созмонҳои ҷаҳонии молӣ пайваста ба хусусигардонии бонк ишора мекунанд. Ӯ афзуд, зарурати хусусигардонии бонкро намебинад ва бахше аз бартариятҳои бонки давлатиро ном бурд. Ба гуфтаи Икромӣ, нишондиҳандаҳои фаъолияти "Амонатбонк" сол ба сол зиёд шуда истодаанд, кафолати саддарсадии Ҳукумати Тоҷикистон барои пасандозгузорон мавҷуд аст. Ӯ илова намуд, ки бонк аз тарафи дигар сарчашмаи даромад барои буҷаи давлат аст, ки солона 110 миллион сомониро ворид месозад, ки пули андак нест. Дар мавриди далелҳои созмонҳои ҷаҳонӣ барои талаби хусусигардониҳо раиси "Амонатбонк" гуфт, онҳо тарҳ доранд, ки принсипҳои идораи корпортавиро роҳандозӣ намоянд. "Аммо дар мо аллакай идораи корпоративӣ ҳаст. Раёсати бонк аз 8 узв иборат аст, ки намояндагони Вазорати молия ва Дастгоҳи иҷроияи президентро шомил мебошаду ҳар қароре, ки таваккал дорад, аз тариқи корпоративӣ ҳал мешавад", - илова намуд Икромӣ.Ӯ бо зикри ташкили бонки дуюми давлатӣ - "Саноатсодиротбонк" изҳор дошт, ки ин аз самаранокии бахши давлатӣ дар соҳа далолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20220207/amonatbonk-khudkushi-kormand-sharh-1045554489.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041056818_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1c3406daa1e6bb6f21237b1eb662ff28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис, амонатбонк, хусусигардонӣ, зарур
раис, амонатбонк, хусусигардонӣ, зарур
Созмонҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, "Амонатбонк" хусусӣ шавад, аммо раис мегӯяд, зарур нест
13:55 07.02.2022 (Навсозишуда: 18:57 07.02.2022) Раиси феълии "Амонатбонк" мегӯяд, дар ҳоли ҳозир зарурати хусусигардонии ин бонкро намебинад
ДУШАНБЕ, 7 фев - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" гуфт, масъалаи таҷдиди сохтор ва хусусигардонии ин бонк аз ихтиёроти Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон изҳор дошт, ки созмонҳои ҷаҳонии молӣ пайваста ба хусусигардонии бонк ишора мекунанд.
"Онҳо ҷонибдори бахши хусусиянд, давлатиро чандон хуш надоранд. Хусусигардонии "Амонатбонк" аз Ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст", - шарҳ дод раис.
Ӯ афзуд, зарурати хусусигардонии бонкро намебинад ва бахше аз бартариятҳои бонки давлатиро ном бурд.
Ба гуфтаи Икромӣ, нишондиҳандаҳои фаъолияти "Амонатбонк" сол ба сол зиёд шуда истодаанд, кафолати саддарсадии Ҳукумати Тоҷикистон барои пасандозгузорон мавҷуд аст. Ӯ илова намуд, ки бонк аз тарафи дигар сарчашмаи даромад барои буҷаи давлат аст, ки солона 110 миллион сомониро ворид месозад, ки пули андак нест.
Дар мавриди далелҳои созмонҳои ҷаҳонӣ барои талаби хусусигардониҳо раиси "Амонатбонк" гуфт, онҳо тарҳ доранд, ки принсипҳои идораи корпортавиро роҳандозӣ намоянд.
"Аммо дар мо аллакай идораи корпоративӣ ҳаст. Раёсати бонк аз 8 узв иборат аст, ки намояндагони Вазорати молия ва Дастгоҳи иҷроияи президентро шомил мебошаду ҳар қароре, ки таваккал дорад, аз тариқи корпоративӣ ҳал мешавад", - илова намуд Икромӣ.
Ӯ бо зикри ташкили бонки дуюми давлатӣ - "Саноатсодиротбонк" изҳор дошт, ки ин аз самаранокии бахши давлатӣ дар соҳа далолат медиҳад.