https://sputnik.tj/20220206/payvastan-khalabon-neruhoi-havoi-afghoniston-tolibon-1045543670.html
Пайвастани панҷ халабони нерӯҳои ҳавоии пешини Афғонистон ба сафи толибон
Пайвастани панҷ халабони нерӯҳои ҳавоии пешини Афғонистон ба сафи толибон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои толибон мегӯяд, ки панҷ тан аз халабонони нерӯҳои ҳавоии дубораба ватанашон баргаштанд
2022-02-06T17:46+0500
2022-02-06T17:46+0500
2022-02-21T12:04+0500
афғонистон
халабон
толибон
пайвастан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/07/1032963217_0:54:3073:1782_1920x0_80_0_0_11051dee60f06a02055220f65e84fe31.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вазорати дифои толибон бо нашри як баёние гуфтааст, панҷ тан аз халабонони нерӯҳои ҳавоӣ, ки дар моҳҳои ахир ба берун аз ин кишвар рафта буданд, баргашта ва иҷрои вазоифашонро аз сар гирифтаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ба гуфтаи ин вазорат, талошҳо барои баргардонидани тамоми кадр ва кормандони маслакии Вазорати дифоъ идома дорад.Ёдовар мешавем, ки баъд аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ садҳо халабон аз тариқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ интиқол дода шуданд.Мақомоти Амрико як гурӯҳи низомиёни афғонро, ки дар Тоҷикистон буданд, ба пойгоҳҳои низомии худ интиқол доданд.Кобулов: Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як ҳаракати маҷозист, на воқеӣБа иттилои манбаи "Reuters", дар Тоҷикистон беш аз 150 низомии афғонистонӣ буд, ки қаблан аз сӯйи нерӯҳои Амрико омӯзиш гирифта буданд. Миёни онҳо халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон низ буданд.Ҳамаи онҳо аз Тоҷикистон ба кишварҳои мухталиф ва сипас ба ИМА интиқол дода шуданд.Аксари ин афғонистониҳо дар як осоишгоҳе дар наздикии Душанбе қарор доштанд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/07/1032963217_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_18d3c79479427374f07450e7750b5951.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, халабон, нерӯҳои ҳавоӣ, толибон, пайвастан
афғонистон, халабон, нерӯҳои ҳавоӣ, толибон, пайвастан
Пайвастани панҷ халабони нерӯҳои ҳавоии пешини Афғонистон ба сафи толибон
17:46 06.02.2022 (Навсозишуда: 12:04 21.02.2022) Вазорати дифои толибон мегӯяд, ки панҷ тан аз халабонони нерӯҳои ҳавоӣ дубора ба Ватанашон баргаштаанд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вазорати дифои толибон бо нашри як баёние гуфтааст, панҷ тан аз халабонони нерӯҳои ҳавоӣ, ки дар моҳҳои ахир ба берун аз ин кишвар рафта буданд, баргашта ва иҷрои вазоифашонро аз сар гирифтаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ин вазорат, талошҳо барои баргардонидани тамоми кадр ва кормандони маслакии Вазорати дифоъ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ садҳо халабон аз тариқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ интиқол дода шуданд.
Мақомоти Амрико як гурӯҳи низомиёни афғонро, ки дар Тоҷикистон буданд, ба пойгоҳҳои низомии худ интиқол доданд.
Ба иттилои манбаи "Reuters", дар Тоҷикистон беш аз 150 низомии афғонистонӣ буд, ки қаблан аз сӯйи нерӯҳои Амрико омӯзиш гирифта буданд. Миёни онҳо халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон низ буданд.
Ҳамаи онҳо аз Тоҷикистон ба кишварҳои мухталиф ва сипас ба ИМА интиқол дода шуданд.
Аксари ин афғонистониҳо дар як осоишгоҳе дар наздикии Душанбе қарор доштанд.