Инъикоси сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар се дақиқа - видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин сафар ва дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ ширкат кард. Дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои Олимпӣ президенти Тоҷикистон бо сарони як қатор кишварҳо ва роҳбари Чин дидору гуфтугӯ кард
Ахиран Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон видеоеро паҳн кардааст, ки дар он тайи се дақиқа тамоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар намоиш дода шудааст.
Аз ҷумла дар ин видео иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон дар майдон, дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ дида мешавад.
Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 20 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Инчунин дар ин сабти видеоӣ дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Чин Си Ҷинпин дида мешавад.
Аз тавлиди мошинҳои электрикӣ то ваксина ва амният: Раҳмону Ҷинпин аз чӣ гуфтанд?
Дар ин мулоқот маҷмуи васее аз масоили ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз амири Қатар то Имрон Хону Тоқаев: Раҳмон дар Пекин бо кӣ вохӯрд?
Ҳамзамон дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои президенти Тоҷикистон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов, амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, сарвазири Покистон Имрон Хон, дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, раиси Маҷмаи умумии СММ Абдуллоҳ Шаҳид сурат гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0