Ҳаққи моҳонаи футболбозони тоҷики тими “Персеполис”-и Эрон расонаӣ шуд

© ФК ИстиклолСтороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2022
Обуна шудан
Маблағи қарордоди бозикунони тоҷик дар тими "Персеполис" мушаххас шуд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров, ду бозикуни тоҷикистоние буданд, ки аз мобайни нимаи фасли аввал ба тими “Персеполис” рафтанд ва баъд аз мушкилоте, ки дар судури муҷаввизи бозии ин ду ба вуҷуд омада буд, дар ниҳоят тавонистанд муқобили тими “Зубоҳан” аввалин бозии худро анҷом диҳанд, иттилоъ додааст радиои "Садои Хуросон".
Тибқи иттилои манбаъ, бар хилофи бисёре аз бозикунони хориҷӣ, ки ба футболи Эрон омадаанд, ин ду бозигар қарордоди поинтар доранд ва бошгоҳи "Персеполис" рақами нисбатан маъқул барои ҷазби онҳо таъйин кардааст.
Маҷидӣ Садро, мудир кулли собиқи бошгоҳи “Персполис”, ки худаш бо ин ду бозикуни тоҷикӣ қарордод баст, гуфтааст, ҳар кадоме аз онҳо бо қарордоде ба арзиши 110 ҳазор доллар ба “Персполис” омадаанд.
Дастаи "Персполис"-и Теҳрон мехоҳад ду футболбози тоҷикистониро бихарад
Таъкид шудааст, ки қарордоди ин ду бозигари тоҷик барои се сол бо ин тим баста шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ҳар ду вориди тими миллии футболи кишвар буда, қаблан дар бошгоҳи "Истиқлол" бозӣ мекарданд.
Ин ҷавонон аз аввалинҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Лигаи олии Эрон бозӣ мекунанд ва қаблан қарордоди умумии онҳоро камтар аз 200 ҳазор доллар арзёбӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0