https://sputnik.tj/20220206/kheshovandon-jabborov-toshiev-zindon-1045544660.html
"Хешовандон"-и Ҷабборов ва Тошиев равонаи зиндон мешаванд
"Хешовандон"-и Ҷабборов ва Тошиев равонаи зиндон мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Қаллобон бо тарсонидан ва додани ришва кӯшиши интиқол додани молро ба таври ғайриқонунӣ ба Қирғизистон доштанд
2022-02-06T18:46+0500
2022-02-06T18:46+0500
2022-02-08T17:02+0500
қамчибек тошиев
содир ҷабборов
президент
хешованд
қирғизистон
осиёи марказӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон қаллобонеро, ки худро хешовандони раисҷумҳур Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев муаррифӣ мекарданд, боздошт намуданд. Қаллобии ҳамлагарон дар ҷараёни чораҳои мубориза бо фасод дар мақомоти давлатӣ ошкор шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар. Боздоштшудаҳо кормандони хадамоти андоз ва гумрукро тарсонда, чанд нафар тоҷирро таҳти ҳимояти онҳо қарор гирифтаанд. Ба он воридкунандагон аз кишварҳои узви ИА дохил мешаванд, таъкид кардааст манбаъ. Ҳамин тариқ қаллобон кӯшиш карданд, баъзе молҳоро ғайриқонунӣ ба Қирғизистон интиқол диҳанд. Онҳо ҳангоми супурдани пора ба маблағи 1500 доллар дастгир шуданд. Ҷинояткорон боздошт шуданду яке аз онҳо дар зиндон аст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ҳушёр бошанд ва ба ҳамлагарон, ки аз номи мансабдорон барои ҳалли мушкилот ришва талаб мекунанд, бовар накунанд. Шуъба инчунин видеое нашр кард, ки дар он нишон дода мешавад, гунаҳкорони эҳтимолӣ чӣ гуна боздошт мешаванд. Дар ин навор гуфтушуниди қаллобон, ки чеҳраашон пинҳон аст, вақти интиқоли ришва ва боздошт дида мешавад. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз сокинони ин ҷумҳурӣ дархост кардааст, ки дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"хешовандон", президент, қирғизистон
"хешовандон", президент, қирғизистон
"Хешовандон"-и Ҷабборов ва Тошиев равонаи зиндон мешаванд
18:46 06.02.2022 (Навсозишуда: 17:02 08.02.2022) Қаллобон бо тарсонидан ва додани ришва кӯшиш кардаанд, молҳоро ғайриқонунӣ ба Қирғизистон ворид созанд
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон қаллобонеро, ки худро хешовандони раисҷумҳур Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев муаррифӣ мекарданд, боздошт намуданд.
Қаллобии ҳамлагарон дар ҷараёни чораҳои мубориза бо фасод дар мақомоти давлатӣ ошкор шуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.
Боздоштшудаҳо кормандони хадамоти андоз ва гумрукро тарсонда, чанд нафар тоҷирро таҳти ҳимояти онҳо қарор гирифтаанд. Ба он воридкунандагон аз кишварҳои узви ИА дохил мешаванд, таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамин тариқ қаллобон кӯшиш карданд, баъзе молҳоро ғайриқонунӣ ба Қирғизистон интиқол диҳанд. Онҳо ҳангоми супурдани пора ба маблағи 1500 доллар дастгир шуданд.
Ҷинояткорон боздошт шуданду яке аз онҳо дар зиндон аст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ҳушёр бошанд ва ба ҳамлагарон, ки аз номи мансабдорон барои ҳалли мушкилот ришва талаб мекунанд, бовар накунанд.
Шуъба инчунин видеое нашр кард, ки дар он нишон дода мешавад, гунаҳкорони эҳтимолӣ чӣ гуна боздошт мешаванд. Дар ин навор гуфтушуниди қаллобон, ки чеҳраашон пинҳон аст, вақти интиқоли ришва ва боздошт дида мешавад.
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз сокинони ин ҷумҳурӣ дархост кардааст, ки дар сурати ошкор шудани чунин ҳолатҳо фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд.