https://sputnik.tj/20220206/khatlon-covid-moyakubi-1045537215.html
Маълум шуд, дар вилояти Хатлон чанд кас алайҳи COVID бори савум моякӯбӣ шуданд
Маълум шуд, дар вилояти Хатлон чанд кас алайҳи COVID бори савум моякӯбӣ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Наздики 7 ҳазор сокинони вилояти Хатлон бо вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст
2022-02-06T10:08+0500
2022-02-06T10:08+0500
2022-02-07T14:49+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
дар тоҷикистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462715_0:428:2879:2047_1920x0_80_0_0_5e4682649e59ce28ff53571c318c8418.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. То оғози моҳи феврал дар вилояти Хатлон 6885 нафар вояи сеюми зидди коронавирус гирифтаанд, ки қисмати зиёди онҳо кормандони муассисаҳои тандурустӣ мебошанд.Тибқи гузориши шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, то охири моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 1 миллиону 665 ҳазору 30 нафар, яъне 81,4 дарсади сокинони аз 18-сола болои вилоят худро аз коронавируси нави COVID-19 эмин кардаанд.Вояи дуюми ваксинаро то ин давра 1 миллиону 369 ҳазору 776 нафар гирифтаанд, ки ин 67 фоизро ташкил медиҳад.Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, барои дар сатҳи пурра бо эмкунии сеюм фаро гирифтани аҳолӣ тамоми тадбирҳо андешида шудаанд.Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
https://sputnik.tj/20220115/aloi-tojikictoniyon-omikron-karantin-1044842342.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044462715_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_a6c4e44d94a415369eb89a8e01cf3049.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмгузаронӣ, хатлон, тоҷикистон
эмгузаронӣ, хатлон, тоҷикистон
Маълум шуд, дар вилояти Хатлон чанд кас алайҳи COVID бори савум моякӯбӣ шуданд
10:08 06.02.2022 (Навсозишуда: 14:49 07.02.2022) Наздики ҳафт ҳазор сокинони вилояти Хатлон бо вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирус моякӯбӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. То оғози моҳи феврал дар вилояти Хатлон 6885 нафар вояи сеюми зидди коронавирус гирифтаанд, ки қисмати зиёди онҳо кормандони муассисаҳои тандурустӣ мебошанд.
Тибқи гузориши шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, то охири моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 1 миллиону 665 ҳазору 30 нафар, яъне 81,4 дарсади сокинони аз 18-сола болои вилоят худро аз коронавируси нави COVID-19 эмин кардаанд.
Вояи дуюми ваксинаро то ин давра 1 миллиону 369 ҳазору 776 нафар гирифтаанд, ки ин 67 фоизро ташкил медиҳад.
Мақомоти вилояти Хатлон мегӯяд, барои дар сатҳи пурра бо эмкунии сеюм фаро гирифтани аҳолӣ тамоми тадбирҳо андешида шудаанд.
Ёдовар мешавем, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли 20221 дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола ҳатмӣ гардид.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон дар чорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 9 миллион ваксинаи зидди COVID-19 ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.