Аз тавлиди мошинҳои электрикӣ то ваксина ва амният: Раҳмону Ҷинпин аз чӣ гуфтанд?

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон (справа) и председатель КНР Си Цзиньпин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Обуна шудан
Роҳбарони Тоҷикистону Чин зимни мулоқот дар Пекин густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин аз ҳамкориҳо дар бахши амният, сармоягузорӣ, саноат ва фарҳангу тандурустӣ гуфтанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Ҷинпин ва мардуми Чинро ба ифтихори баргузории Бозиҳои олимпӣ ва фарорасии иди баҳору Соли нави анъанавияшон шодбош гуфт.
Раҳмон аз дӯстӣ ва боварию эътимоди мутақобилаи шарикии стратегӣ бо Чин дар 30-соли охир изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Саноат аз мавзуъҳои меҳварии ин мулоқот будааст. Барои воридоти фанновриҳои ҷадид ва дар Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ Чинро ҳавасмандӣ карда шуд.
Визит президента РФ Владимира Путина в Китайскую Народную Республику - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
Аз демократия то интернету инқилоб ва марҳилаи нав дар изҳороти муштараки Путин ва Ҷинпин
Сохтмон ва бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз кардани иншооти энергетикии Тоҷикистон аз масоили дигари ин мулоқот будааст.
Дар баробари ин содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин ва рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёту логистика низ баррасӣ гардиданд.
Зимни баррасии ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Чин барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли вояҳои зидди короновирус сипос гуфтааст.
Роҳбарони Тоҷикистону Чин инчунин ба мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Вазъи иҷтимоию иқтисодии Афғонистонро низ ҷонибҳо ба баррасӣ гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпии зимистона ба Чин рафта, феълан дар ин кишвар қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0