https://sputnik.tj/20220205/omuzgor-milisa-shahrvandon-qabul-raisi-khatlon-1045523876.html
Аз омӯзгор то милиса: шаҳрвандон дар зимни қабул аз тарафи раиси Хатлон чӣ хостанд?
Аз омӯзгор то милиса: шаҳрвандон дар зимни қабул аз тарафи раиси Хатлон чӣ хостанд?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон зимни боздид аз шаҳри Левакант қабули сайёри шаҳрвандони корафтодаро баргузор кардааст
2022-02-05T12:55+0500
2022-02-05T12:55+0500
2022-02-21T11:50+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
қабул
шаҳрвандон
муроҷиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103134/16/1031341690_0:0:3251:1828_1920x0_80_0_0_cd37b90f6541663edf991b7d0f76b200.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон сокинони корфтодаи Левакантро қабул намуда, арзашонро шунидааст. Дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон мегӯяд, дар қатори шаҳрвандони қабулнамудаи Ҳакимзода нафақагире ба номи Кабкинисо Давлатова будааст, ки ӯ барои табобаташ кумак хостааст. Маҳмудов Мирзошо, намояндаи маҳаллаи деҳаи Меҳробод аз роҳбарияти Хатлон техника талаб кардааст, ки то дар сангфаршкунии роҳи деҳа истифода намояд. Сокини деҳаи Боҳтуробод Гуландом Солиева аз баҳси замини хоҷагии деҳқонияш арз кардааст. Раиси маҳалла аз деҳаи Гулистон Шариф Шафиев барои таъмири насосҳои обкашонӣ, раиси маҳаллаи деҳаи Навобод Бозор Қурбонов барои насб кардани трансформатор ва таъмин намудани ин деҳа бо симчӯбҳо мусоидат хостааст.Баъди эроди прокурор Шарифзода аз зердастонаш хост, арзи мардумро сари вақт баррасӣ кунанд Дар феҳрасти муроҷиаткунандагон инчунин аз корманди Раёсати ВКД дар вилоят Маҳбуба Ҳалимзода низ ном бурда шудаст, ки барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба қабули раиси Хатлон омадааст. Омӯзгори ҷавони мактаби рақами 14, Таҳмина Тӯраева низ барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба раиси вилоят муроҷиат намудааст. Дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон мегӯяд, Қурбон Ҳакимзода барои ҳалли мушкили шаҳрвандон ба масъулони дахлдори вилоятӣ ва шаҳрӣ супориш додаст. Таъкид шудааст, ки муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ҳаққи конститутсионияшон буда, мақомдорон бояд ба арзи шаҳрвандон расидагӣ намоянд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103134/16/1031341690_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fe1bafead26effa0ef50fdd4be7de0f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрвандон, қабул, раис, хатлон, хостанд
шаҳрвандон, қабул, раис, хатлон, хостанд
Аз омӯзгор то милиса: шаҳрвандон дар зимни қабул аз тарафи раиси Хатлон чӣ хостанд?
12:55 05.02.2022 (Навсозишуда: 11:50 21.02.2022) Раиси вилояти Хатлон зимни боздид аз шаҳри Левакант раванди қабули сайёри шаҳрвандони корафтодаро баргузор кардааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон сокинони корфтодаи Левакантро қабул намуда, арзашонро шунидааст.
Дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон мегӯяд, дар қатори шаҳрвандони қабулнамудаи Ҳакимзода нафақагире ба номи Кабкинисо Давлатова будааст, ки ӯ барои табобаташ кумак хостааст.
Маҳмудов Мирзошо, намояндаи маҳаллаи деҳаи Меҳробод аз роҳбарияти Хатлон техника талаб кардааст, ки то дар сангфаршкунии роҳи деҳа истифода намояд.
Сокини деҳаи Боҳтуробод Гуландом Солиева аз баҳси замини хоҷагии деҳқонияш арз кардааст.
Раиси маҳалла аз деҳаи Гулистон Шариф Шафиев барои таъмири насосҳои обкашонӣ, раиси маҳаллаи деҳаи Навобод Бозор Қурбонов барои насб кардани трансформатор ва таъмин намудани ин деҳа бо симчӯбҳо мусоидат хостааст.
Дар феҳрасти муроҷиаткунандагон инчунин аз корманди Раёсати ВКД дар вилоят Маҳбуба Ҳалимзода низ ном бурда шудаст, ки барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба қабули раиси Хатлон омадааст. Омӯзгори ҷавони мактаби рақами 14, Таҳмина Тӯраева низ барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба раиси вилоят муроҷиат намудааст.
Дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон мегӯяд, Қурбон Ҳакимзода барои ҳалли мушкили шаҳрвандон ба масъулони дахлдори вилоятӣ ва шаҳрӣ супориш додаст. Таъкид шудааст, ки муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ҳаққи конститутсионияшон буда, мақомдорон бояд ба арзи шаҳрвандон расидагӣ намоянд.