https://sputnik.tj/20220204/kudakiston-makotib-bisyoroshyona-raisi-kumitai-memori-1045481264.html
Кӯдакистону макотиб бисёрошёна мешаванд: Раиси Кумитаи меъморӣ гуфт, замин нест
Кӯдакистону макотиб бисёрошёна мешаванд: Раиси Кумитаи меъморӣ гуфт, замин нест
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба далели камбуди замин бунёди кӯдакистону макотиби бисёрошёна роҳандозӣ мегардад
2022-02-04T12:05+0500
2022-02-04T12:05+0500
2022-02-04T12:05+0500
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
дар тоҷикистон
мактаб
маориф
бино
кӯдакистон
замин
ошёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102058/65/1020586562_0:121:3146:1890_1920x0_80_0_0_9e25d62f6088a8c11322619e1b440c8d.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, марҳила ба марҳила дар кишвар бунёди кӯдакистону мактабҳои панҷошёна оғоз мешавад. Раиси Кумитаи меъморӣ дар доираи нишасти матбуотӣ, далели рӯй овардани мақомот ба бештар кардани ошёнаҳои кӯдакистону мактабҳоро ба камбди замин рабт дод. Замин кам аст, ки чун пештара мактабу кӯдакистонҳои ду - сеошёна бунёд шаванд, афзуд ӯ. Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти Тоҷикистон барои сарфаи замин бунёди бисёрошёнаҳоро аз ҷумла дар деҳот тавсия доданд. Дар баробари ин бо қарори ҳукумат, дар кӯчаҳои асосии шаҳру навоҳӣ бунёди биноҳои камтар аз панҷошёна мамнуъ шуда буд.Дар Тоҷикистон ба сокинони деҳотҷойҳо низ тавсия дода мешавад, ки манзилҳои ду то панҷошёна созанд. Маҳмадсаид Зубайдзода, қаблан гуфт, дар ҷумҳурӣ дастури ҳукумат аз соли 2018 амал мекунад, ки мувофиқи он бояд дар деҳотҳо ба сохтмони манзилҳои ду ҳатто сеошёна афзалият дода шавад.Ӯ дар мавриди Душанбе изҳор дошт, ки биноҳои камошёна низ марҳила ба марҳила, аз ҷумла якошёнаҳо аз марказ ҳамааш хезонда хоҳанд шуд. Ин иқдоми мақомот дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишвари камзамин маҳсуб ёфта, 93 дарсади қаламрави онро куҳсор ташкил медиҳад. Дар зимн аҳолии кишвар бо суръати миёнаи 2% ҳамасола афзоиш меёбад ва таъмини мардум бо манзили зисту инфрасохтори зарурӣ аз мушкилоти мубрам дар кишвар ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20220204/khalq-donad-zuvaydzoda-naqshai-generali-1045478535.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102058/65/1020586562_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_1f81172288ac963b23272bf40ae63c12.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯдакистон, макотиб, тоҷикистон, бисёрошёна
кӯдакистон, макотиб, тоҷикистон, бисёрошёна
Кӯдакистону макотиб бисёрошёна мешаванд: Раиси Кумитаи меъморӣ гуфт, замин нест
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба далели камбуди замин бунёди кӯдакистону макотиби бисёрошёна роҳандозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, марҳила ба марҳила дар кишвар бунёди кӯдакистону мактабҳои панҷошёна оғоз мешавад.
Раиси Кумитаи меъморӣ дар доираи нишасти матбуотӣ, далели рӯй овардани мақомот ба бештар кардани ошёнаҳои кӯдакистону мактабҳоро ба камбди замин рабт дод. Замин кам аст, ки чун пештара мактабу кӯдакистонҳои ду - сеошёна бунёд шаванд, афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти Тоҷикистон барои сарфаи замин бунёди бисёрошёнаҳоро аз ҷумла дар деҳот тавсия доданд. Дар баробари ин бо қарори ҳукумат, дар кӯчаҳои асосии шаҳру навоҳӣ бунёди биноҳои камтар аз панҷошёна мамнуъ шуда буд.
Дар Тоҷикистон ба сокинони деҳотҷойҳо низ тавсия дода мешавад, ки манзилҳои ду то панҷошёна созанд. Маҳмадсаид Зубайдзода, қаблан гуфт, дар ҷумҳурӣ дастури ҳукумат аз соли 2018 амал мекунад, ки мувофиқи он бояд дар деҳотҳо ба сохтмони манзилҳои ду ҳатто сеошёна афзалият дода шавад.
Ӯ дар мавриди Душанбе изҳор дошт, ки биноҳои камошёна низ марҳила ба марҳила, аз ҷумла якошёнаҳо аз марказ ҳамааш хезонда хоҳанд шуд.
Ин иқдоми мақомот дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишвари камзамин маҳсуб ёфта, 93 дарсади қаламрави онро куҳсор ташкил медиҳад. Дар зимн аҳолии кишвар бо суръати миёнаи 2% ҳамасола афзоиш меёбад ва таъмини мардум бо манзили зисту инфрасохтори зарурӣ аз мушкилоти мубрам дар кишвар ба шумор меравад.