https://sputnik.tj/20220204/du-hazor-qarzdor-az-aliment-ijozat-tojikiston-1045502368.html
Беш аз ду ҳазор қарздор иҷозат надоранд, аз Тоҷикистон берун раванд
Беш аз ду ҳазор қарздор иҷозат надоранд, аз Тоҷикистон берун раванд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тоҷикистон барои баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон иқдом кардааст. Ба 2 285 нафар қарздорон барои берун рафтан маҳдудият гузошта шудааст
2022-02-04T18:20+0500
2022-02-04T18:20+0500
2022-02-04T19:28+0500
дар тоҷикистон
маҳдудият
қарзҳо
хориҷ
мамнӯъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102806/16/1028061663_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_9a8c54fba9b6058cd4e58824eced8506.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии хадамот, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст, айни ҳол 3 471 шахсони воқеӣ ва 184 шахси ҳуқуқӣ сабт шудааст.Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 49 нафар қарздор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 487 710 сомонӣ аз онҳо ситонида шуд.Ҳвамзамон Барно Саидвализода гуфт, ки Хадамот бо намояндагони барномаи "Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ"-и Ҷамъияти Ҳамкории Байналмилалии Олмон (GIZ) ҳамкории судманд ба роҳ монда, бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум имзо кардааст.Инчунин дар доираи конвенсияҳои қабулгардида бо Хадамоти федералии приставҳои судии Русия, мақомоти иҷроияи ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳои минтақа дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро роҳандозӣ менамоянд.
https://sputnik.tj/20220204/sitonidani-mablaghi-aliment-manfiati-modaru-kudak-1045499729.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102806/16/1028061663_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_d2251f683c23ca854c4de7b0485310ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳдудият, қарздор, алимент, манъ, хориҷ
тоҷикистон, маҳдудият, қарздор, алимент, манъ, хориҷ
Беш аз ду ҳазор қарздор иҷозат надоранд, аз Тоҷикистон берун раванд
18:20 04.02.2022 (Навсозишуда: 19:28 04.02.2022) Мақомоти Тоҷикистон ба пешгирӣ аз тарки кишвар кардани қарздорон иқдом кардааст. 2 285 нафар қарздор ҳаққи берун рафтан аз кишварро надоранд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии хадамот, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст, айни ҳол 3 471 шахсони воқеӣ ва 184 шахси ҳуқуқӣ сабт шудааст.
“Барои баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба 2 285 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст, ки назар ба соли 2020 1949 нафар зиёд мебошад”, - таъкид кард хонум Саидвализода.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 49 нафар қарздор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 487 710 сомонӣ аз онҳо ситонида шуд.
Ҳвамзамон Барно Саидвализода гуфт, ки Хадамот бо намояндагони барномаи "Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ"-и Ҷамъияти Ҳамкории Байналмилалии Олмон (GIZ) ҳамкории судманд ба роҳ монда, бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум имзо кардааст.
Инчунин дар доираи конвенсияҳои қабулгардида бо Хадамоти федералии приставҳои судии Русия, мақомоти иҷроияи ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳои минтақа дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро роҳандозӣ менамоянд.