СММ Маскавро беҳтарин мегаполис дар ҷаҳон барои зиндагӣ донист

© Sputnik / Максим БлиновМосква-сити
Москва-сити - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
Пойтахти Русия дар рейтинги мустақил, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад, мавқеи пешсафро ишғол кардааст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Маскав аз рӯи сифати зиндагӣ ва сатҳи рушди инфрасохтор аз ҷониби СММ беҳтарин мегаполис дониста шудааст.
Шаҳр ин баҳоро дар натиҷаи пажуҳиши "Шохиси шукуфоии шаҳрҳо" гирифтааст, ки нусхаи кӯтоҳи он рӯзи 2 феврал мунташир шуда, шакли пуррааш 31 март нашр хоҳад шуд.
Тибқи арзёбии ҳамаҷониба, Маскав дар якҷоягӣ бо Сингапур ва Торонто ба қатори се мегаполиси пешрафтаи ҷаҳон ворид шуд.
Ба феҳрасти 10 шаҳри беҳтарин инчунин Сидней, Лондон, Париж, Мадрид, Шанхай, Ҳонконг ва Ню Йорк дохил шудаанд.
Илова бар ин пойтахти Русия дар ду категория – дараҷаи рушди инфрасохторӣ (манзилӣ, иҷтимоӣ, ТИК, нақлиёт) ва сифати зиндагӣ (нишондиҳандаҳо дар соҳаи тандурустӣ, маориф, илм ва технология, фарҳанг, фароғат, амният ва ҷойҳои ҷамъиятӣ) беҳтарин дар ҷаҳон эътироф гардид.
Шохиси шукуфоии шаҳрҳо як абзори фарогир барои арзёбӣ ва мониторинги сатҳи шукуфоӣ ва мувозинат дар рушди шаҳрҳои ҷаҳон аст.
Он аз ҷониби UN "Habitat" таҳия шудааст.
Барномаи Созмони сукунатҳои одамон соли 1978 барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳои глобалӣ баҳри рушди устувори шаҳр таҳия шудааст.
Коршиносон нишондиҳандаҳои 50 шаҳри бузургтарини ҷаҳонро таҳлил намуда, дар натиҷа 29 мегаполисро ба радабандии ниҳоӣ ворид кардаанд.
Коршиносони Созмони сукунатҳои одамон ва Маркази тадқиқотии "Eure" ин шохисро аз рӯи нишондиҳандаҳои рушд, ба мисли ҳосилнокии иқтисод, рушди инфрасохтор, сифати ҳаёт, баробарӣ ва фарогирии иҷтимоӣ, устувории экологӣ, шарҳдорӣ ва қонунгузорӣ таҳия кардаанд.
Дараҷаи мувозинати байни ин нишондодҳо низ ба назар гирифта шудааст. Маълумоти бештар дар бораи натиҷаҳои тадқиқот дар ин хусусро дар вебсайти махсус пайдо кардан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0