Роҳи Душанбе - Чаноқ барои қисме аз мошинҳо баста мешавад: кадом қисм?

© Фото : УВД Ошкской области КыргызстанаСпасатели откапывают машины
Спасатели откапывают машины  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Обуна шудан
IRS ронандагони мошинҳои боркаш ва ядакдорро аз эҳтимоли баста шудани роҳи Душанбе - Чаноқ огоҳ мекунад
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар километрҳои 39-86-и роҳи Душанбе - Чаноқ ҳаракати мошинҳои боркаш ва ядакдор масдуд шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии филиали Ширкати саҳомии "Инновейтив роуд солюшнз ЛТД".
Гуфта мешавад, ки чунин тадбир бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт роҳандозӣ шудааст.
Манбаъ афзуда, ки дар масири Душанбе - Чаноқ бориши барф давом дошта, дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла километрҳои 39-86 он хеле пуршиддат аст.
IRS мегӯяд, чун ҳарвақта фаъолияти кормандони филиали ширкат хуб роҳандозӣ шуда, роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард намуда истодаанд.

"Ҳоло роҳ боз буда, вобаста ба зарурат, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт гузариши фура ва мошинҳои боркаши ядакдор маҳдуд карда мешавад", - омадааст дар хабар.

Роҳбарияти ширкат иттилоъ медиҳад, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла бо лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан бояд пайваста дар мадди назари ронандагон бошад.
Лентаи хабарҳо
0