https://sputnik.tj/20220203/maskav-tashkhis-muhojiron-siroyat-1045471234.html
Ташхиси коргарони муҳоҷири вилояти Маскав дар робита ба бемориҳои сироятӣ оғоз мешавад
Ташхиси коргарони муҳоҷири вилояти Маскав дар робита ба бемориҳои сироятӣ оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Маскав тартиби муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷиро муайян кардааст
2022-02-03T20:15+0500
2022-02-03T20:15+0500
2022-02-03T20:15+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
тандурустӣ
ташхис
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044900717_0:31:2932:1680_1920x0_80_0_0_d0594694f189be951518a31d94cc27e9.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар вилояти Маскав ҳамаи хориҷиёне, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, дар робита ба бемориҳои сироятӣ ва истифодаи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ муоина хоҳанд шуд. Дар ин бора фармони вазири тандурустии Русия содир шудааст. Тибқи қонун “Дар бораи тасдиқи тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ” муҳоҷирини корӣ муваззафанд, ки аз муоинаи ВНМО, маводи мухаддир ва як қатор бемориҳои сироятӣ гузаранд. Гуфта мешавад, танҳо хориҷиёне, ки ба муддати беш аз 90 рӯз дар Русия хоҳанд буд, ташхис мешаванд. Шаҳодатномаҳо барои як сол эътибор доранд, пас аз ин муддат озмоиш бояд дубора сурат гирад. Қонуни дахлдори федеролӣ 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо кард. "Тартиби ташкил ва гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар вилояти Маскав дар робита ба мавҷудият ё набудани далели истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, ки бе тавсияи духтур истифода шудаанд ё истеъмоли моддаҳои нави эҳтимолан хатарноки психоактивӣ, бемориҳои сироятии барои дигарон хатарнок, аз қабили ВНМО муқаррар карда шавад", - омадааст дар ин ҳуҷҷат. Дар фармон гуфта мешавад, ҳар моҳ дар бораи теъдоди хориҷиёне, ки аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ё ташхиси онҳо дар иртибот ба бемориҳои номбаршуда мусбат будааст, гузориш дода мешавад. Дар ин вилоят барои гузарондани тадқиқот Институти вилоятии тадқиқоти илмии клиникии М. Ф. Владимирск муваззаф шудааст. Ин муаассиса ҳамчунин бо маркази муҳоҷирати вилояти Маскав ҳамкорӣ хоҳад кард. Барои гузаштан аз ташхис шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳуҷҷатҳое аз қабили шиноснома, варақаи муҳоҷират бо қайди мақомоти сабти муҳоҷират, корти муҳоҷират ва нусхаи он, раводид ва нусхаи онро (дар ҳолати зарурӣ) пешниҳод намоянд.
https://sputnik.tj/20220203/rusiya-sokhtor-muhojirat-1045454262.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044900717_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_27476a9aecd19c5f1fe20b9b1e01ac66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ташхис, муҳоҷирон, бемориҳои сироятӣ, вилояти маскав
ташхис, муҳоҷирон, бемориҳои сироятӣ, вилояти маскав
Ташхиси коргарони муҳоҷири вилояти Маскав дар робита ба бемориҳои сироятӣ оғоз мешавад
Дар вилояти Маскав тартиби муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷиро муайян карданд
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар вилояти Маскав ҳамаи хориҷиёне, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, дар робита ба бемориҳои сироятӣ ва истифодаи маводи мухаддир ё моддаҳои психотропӣ муоина хоҳанд шуд.
Дар ин бора фармони вазири тандурустии Русия содир шудааст.
Тибқи қонун “Дар бораи тасдиқи тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ” муҳоҷирини корӣ муваззафанд, ки аз муоинаи ВНМО, маводи мухаддир ва як қатор бемориҳои сироятӣ гузаранд.
Гуфта мешавад, танҳо хориҷиёне, ки ба муддати беш аз 90 рӯз дар Русия хоҳанд буд, ташхис мешаванд.
Шаҳодатномаҳо барои як сол эътибор доранд, пас аз ин муддат озмоиш бояд дубора сурат гирад.
Қонуни дахлдори федеролӣ 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо кард.
"Тартиби ташкил ва гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар вилояти Маскав дар робита ба мавҷудият ё набудани далели истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, ки бе тавсияи духтур истифода шудаанд ё истеъмоли моддаҳои нави эҳтимолан хатарноки психоактивӣ, бемориҳои сироятии барои дигарон хатарнок, аз қабили ВНМО муқаррар карда шавад", - омадааст дар ин ҳуҷҷат.
Дар фармон гуфта мешавад, ҳар моҳ дар бораи теъдоди хориҷиёне, ки аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ё ташхиси онҳо дар иртибот ба бемориҳои номбаршуда мусбат будааст, гузориш дода мешавад.
Дар ин вилоят барои гузарондани тадқиқот Институти вилоятии тадқиқоти илмии клиникии М. Ф. Владимирск муваззаф шудааст. Ин муаассиса ҳамчунин бо маркази муҳоҷирати вилояти Маскав ҳамкорӣ хоҳад кард.
Барои гузаштан аз ташхис шаҳрвандони хориҷӣ бояд ҳуҷҷатҳое аз қабили шиноснома, варақаи муҳоҷират бо қайди мақомоти сабти муҳоҷират, корти муҳоҷират ва нусхаи он, раводид ва нусхаи онро (дар ҳолати зарурӣ) пешниҳод намоянд.