https://sputnik.tj/20220203/jazo-sokin-dushanbe-modarozor-1045455342.html
Ҷазои сокини 51-солаи Душанбе барои модарозорӣ
Ҷазои сокини 51-солаи Душанбе барои модарозорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти милисаи пойтахт мардеро барои озори модараш муҷозот кардаанд
2022-02-03T15:55+0500
2022-02-03T15:55+0500
2022-02-18T19:31+0500
рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
ҷазо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045452734_0:28:944:559_1920x0_80_0_0_b0557cf973d6aa7bea41cec2ba2b5f7a.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе сокини 51-солаи пойтахт М.П-ро барои озори модараш ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардааст.Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшуда 31-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Қосимов ҳозир гашта, бо модару ҳамсари бародараш муноқиша кардааст.Гуфта мешавад, ӯ нисбат ба модару ҳамсари бародараш суханони қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва дар назди атрофиён шаъну шарафи номбурдагонро паст задааст.Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати М.П, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъйин шудааст.Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолат нест, ки фарзандро барои модарозорӣ муҷозот мекунанд.Ба ин монанд қаблан низ дар пайи муроҷиати як модари 76-сола писари 43-солаи ӯ, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои пойтахт муҷозода шуда буд.Муайян гардидааст, ки писар дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳ гуфта, оромии ҳамсояҳоро низ халалдор намудааст.Додгоҳ дар пайи баррасии ин қазия низ муттаҳамро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҳукм намуда буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/03/1045452734_0:0:944:709_1920x0_80_0_0_aa8d2b12e8c02ae46941b817d892c8d9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷазо сокин душанбе модарозор
ҷазо сокин душанбе модарозор
Ҷазои сокини 51-солаи Душанбе барои модарозорӣ
15:55 03.02.2022 (Навсозишуда: 19:31 18.02.2022) Мақомоти милисаи пойтахт мардеро барои озори модараш муҷозот кардаанд
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе сокини 51-солаи пойтахт М.П-ро барои озори модараш ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшуда 31-уми январи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Қосимов ҳозир гашта, бо модару ҳамсари бародараш муноқиша кардааст.
Гуфта мешавад, ӯ нисбат ба модару ҳамсари бародараш суханони қабеҳ зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва дар назди атрофиён шаъну шарафи номбурдагонро паст задааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати М.П, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъйин шудааст.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолат нест, ки фарзандро барои модарозорӣ муҷозот мекунанд.
Ба ин монанд қаблан низ дар пайи муроҷиати як модари 76-сола писари 43-солаи ӯ, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои пойтахт муҷозода шуда буд.
Муайян гардидааст, ки писар дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳ гуфта, оромии ҳамсояҳоро низ халалдор намудааст.
Додгоҳ дар пайи баррасии ин қазия низ муттаҳамро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҳукм намуда буд.