https://sputnik.tj/20220203/gusht-shir-jurghot-bekhatar-1045442943.html
Гӯшт, ширу ҷурғот ва чаккаи тоҷикӣ безарар аст? Посухи Кумитаи озуқаворӣ
Гӯшт, ширу ҷурғот ва чаккаи тоҷикӣ безарар аст? Посухи Кумитаи озуқаворӣ
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, оё маҳсулоти ширии истеҳсоли худӣ аз ташхис мегузарад ва оё бехатар аст?
2022-02-03T12:27+0500
2022-02-03T12:27+0500
2022-02-03T15:23+0500
озуқаворӣ
бехатарӣ
иҷтимоъ
душанбе
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032507905_1:0:2842:1598_1920x0_80_0_0_28d03d946439fe24a23d38ef5bda9da9.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хӯрдани ҳама навъи маҳсулоти ширии маҳаллӣ, аз ҷумла чакка ва ҷурғот безарар аст.Ба қавли раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, ҳар саҳар гӯшту шири бозор ташхису озмоиш мешавад.Ба қавли Бобошоҳ Давлатшоҳзода, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Душанбе, чунин маҳсулот аз нуқтаҳои аввалия бехатар карда мешаванд.Ӯ аз маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе мисол оварда гуфт, ширфурӯшоне, ки худ ба парвариши чорво машғуланд, ҳайвонҳои худро зидди бемориҳои хатарнок эм мекунанд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032507905_561:0:2692:1598_1920x0_80_0_0_3d9172e03b35011490c5a9ec30728e09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шир, чакка, ҷурғот, гӯшт, бехатарӣ
шир, чакка, ҷурғот, гӯшт, бехатарӣ
Гӯшт, ширу ҷурғот ва чаккаи тоҷикӣ безарар аст? Посухи Кумитаи озуқаворӣ
12:27 03.02.2022 (Навсозишуда: 15:23 03.02.2022) Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, маҳсулоти ширии истеҳсоли худӣ аз ташхис мегузарад ва безарар аст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хӯрдани ҳама навъи маҳсулоти ширии маҳаллӣ, аз ҷумла чакка ва ҷурғот безарар аст.
Ба қавли раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, ҳар саҳар гӯшту шири бозор ташхису озмоиш мешавад.
"Мо дар ҳамаи бозорҳо намоянда дорем. Ҳар саҳар гӯшт ва шире, ки ворид мешавад, албатта, аз ташхис мегузарад", - гуфт раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ.
Ба қавли Бобошоҳ Давлатшоҳзода, сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар Душанбе, чунин маҳсулот аз нуқтаҳои аввалия бехатар карда мешаванд.
"Яъне аз фермаҳо то хоҷагию шахсони алоҳида, ки ба парвариши чорво машғул ҳастанд, нисбати бемориҳои хавфнок чораҳои зиддиэпидемикӣ мегузаронанд. Аллакай шир ва дигар маҳсулоти худӣ безарар аст", - гуфт Давлатшоҳзода.
Ӯ аз маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе мисол оварда гуфт, ширфурӯшоне, ки худ ба парвариши чорво машғуланд, ҳайвонҳои худро зидди бемориҳои хатарнок эм мекунанд.