https://sputnik.tj/20220203/bonki-milli-amaliyoti-bonki-asori-raqami-kriptoasor-tanzim-1045446665.html
Бонки миллӣ омода нест, амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё криптоасъор танзим кунад
Бонки миллӣ омода нест, амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё криптоасъор танзим кунад
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Боки милли Тоҷикистон сабабҳои гардиш накардани асъори рақамӣ ё криптоасъорро дар қаламрави кишвар гуфт
2022-02-03T14:00+0500
2022-02-03T14:00+0500
2022-02-03T15:48+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
танзим
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035859_0:57:800:507_1920x0_80_0_0_f17034e4792c83eaad9c6d87b19c4e4e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, то ҳол танзимгар омода нест, ки амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё криптоасъор танзим кунад.Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки на танҳо Тоҷикистон, балки бонкҳои марказии ҷаҳон низ ба танзим намудани амалиётҳои криптоасъорӣ омода нестанд.Вай афзуд, ки асоси бунёдии болоравӣ ва пойинравии нархи криптоасъор дида намешавад ва маълум нест, ки дар кадом биржаҳо қурби он боло ё поин меравад.“То ҳол ягон трансзаксия ё амалиёт дар низоми бонкии кишвар дар бораи харид ва ё фурӯхтани крептоасъор сабт нашудааст,” - афзуд Холиқзода.Ёдовар мешавем, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷкистон дар вилояти Суғд аз боздошти чанд нафар барои “тавлид” ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли биткоин хабар дода буданд.
https://sputnik.tj/20220203/bonki-milli-zakhoiri-arzu-tiloash-1045445268.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043035859_24:0:776:564_1920x0_80_0_0_718a70a37f46bd61c854a2ce04677d23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, криптоасъор, асъори рақамӣ, бонки миллӣ, асъор, танзим
тоҷикистон, криптоасъор, асъори рақамӣ, бонки миллӣ, асъор, танзим
Бонки миллӣ омода нест, амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё криптоасъор танзим кунад
14:00 03.02.2022 (Навсозишуда: 15:48 03.02.2022) Раёсати Боки миллии Тоҷикистон сабабҳои гардиш накардани асъори рақамӣ ё криптоасъор дар қаламрави кишварро гуфт
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, то ҳол танзимгар омода нест, ки амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё криптоасъор танзим кунад.
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки на танҳо Тоҷикистон, балки бонкҳои марказии ҷаҳон низ ба танзим намудани амалиётҳои криптоасъорӣ омода нестанд.
“Танҳо баъзе аз кишварҳо ба майнинги криптоасъор ё асъори рақамӣ, махсусан “биткоин” машғуланд,” - гуфт раиси Бонки Миллӣ.
Вай афзуд, ки асоси бунёдии болоравӣ ва пойинравии нархи криптоасъор дида намешавад ва маълум нест, ки дар кадом биржаҳо қурби он боло ё поин меравад.
“То ҳол ягон трансзаксия ё амалиёт дар низоми бонкии кишвар дар бораи харид ва ё фурӯхтани крептоасъор сабт нашудааст,” - афзуд Холиқзода.
Ёдовар мешавем, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷкистон дар вилояти Суғд аз боздошти чанд нафар барои “тавлид” ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли биткоин хабар дода буданд.