https://sputnik.tj/20220203/avvalin-siyohgushho-dushanbe-1045417889.html
Бӯйи баҳор мерасад: аввалин гулҳои баҳмани Душанбе дар Боғи ғалаба - акс
Бӯйи баҳор мерасад: аввалин гулҳои баҳмани Душанбе дар Боғи ғалаба - акс
Sputnik Тоҷикистон
Сиёҳгӯш - як навъ гули худрӯй аст, ки моҳҳои сармо сар бароварда аз омад-омади баҳор дарак медиҳад. Ин навъи гул бештар дар Тоҷикистони Марказӣ ва ҷанубӣ қаторкӯҳҳои ҳисор, Вахш, Ҳазратишоҳ дучор меояд
2022-02-03T16:55+0500
2022-02-03T16:55+0500
2022-02-03T19:02+0500
фотожурналистика
акс
душанбе
баҳор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045416228_0:94:3072:1822_1920x0_80_0_0_c9065879fe30d4d0f4dccfb47dcb0ff5.jpg
Гули баҳман - гиёҳи дусолаи сабзранг бо гулҳои зардранг аст, ки решаи он хусусияти табобатӣ дорад. Гули баҳман, ки бо номҳои бойчечак ва гули тағорашиканак дар байни мардум маълум аст, дар моҳи баҳман мешукуфад.Бар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон, фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз, ин гул дар қатори сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор, парандаҳои асотирии симурғ, парасту ва суманак рамзҳои иди Наврӯз мебошанд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/02/1045416228_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_f1f6f93c69f4f9c42d6b912074a31a44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аввалин сиёҳгӯшҳо, душанбе, боғи ғалаба
аввалин сиёҳгӯшҳо, душанбе, боғи ғалаба
Бӯйи баҳор мерасад: аввалин гулҳои баҳмани Душанбе дар Боғи ғалаба - акс
16:55 03.02.2022 (Навсозишуда: 19:02 03.02.2022) Гули баҳман - як навъ гули худрӯй аст, ки моҳҳои сармо сар бароварда, аз омад-омади баҳор дарак медиҳад. Ин навъи гулро бештар дар маркази Тоҷикистон ва ҷануби он, қаторкӯҳҳои Ҳисор, Вахш, Ҳазрати Шоҳ вохӯрдан мумкин аст

Аввалин гулҳои баҳман пас аз зимистони қаҳратун дар Боғи ғалаба сар бароварданд.

Ранги сабзи доманакӯҳҳои Боғи ғалаба аз фарорасии фасли зеботарини сол - баҳор дарак медиҳад.

Гули баҳман аввалин гулест, ки пас аз обшавии барфи зимистон сар мебарорад ва муждаи баҳор медиҳад.

Ин навъи гулро дар маркази Тоҷикистон ва ҷануби он, қаторкӯҳҳои Ҳисор, Вахш, Ҳазрати Шоҳ, Ғозималик ва ноҳияҳои ҳамсояи Ӯзбекистон дучор омадан мумкин аст. Дар Афғонистон низ он месабзад.

Намои зебои Боғи ғалаба дар шаҳри Душанбе.

Аввалин гулҳои баҳман пас аз зимистони қаҳратун дар Боғи ғалаба сар бароварданд.

Осмони соф ва доманаҳои сабз - намои зебои Боғи ғалаба.

Намои кӯҳҳои барфпӯши пушти теппаҳои сабз аз Боғи Ғалаба

Гули баҳман дар баробари суманак чун яке аз рамзҳои ҷашни Наврӯз пазируфта шудааст.
Гули баҳман - гиёҳи дусолаи сабзранг бо гулҳои зардранг аст, ки решаи он хусусияти табобатӣ дорад. Гули баҳман, ки бо номҳои бойчечак ва гули тағорашиканак дар байни мардум маълум аст, дар моҳи баҳман мешукуфад.
Бар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон, фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз, ин гул дар қатори сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор, парандаҳои асотирии симурғ, парасту ва суманак рамзҳои иди Наврӯз мебошанд.