https://sputnik.tj/20220202/rahmon-tasdiq-amriddin-alovatshoev-dushanbe-1045405565.html
Раҳмон тасдиқ кард, ки Амриддин Аловатшоев дар Душанбест
Раҳмон тасдиқ кард, ки Амриддин Аловатшоев дар Душанбест
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ истирдоди Амриддин Аловатшоев, яке аз роҳбарони ҷавонони бадахшониро ба Душанбе тасдиқ карданд
2022-02-02T10:59+0500
2022-02-02T10:59+0500
2022-02-18T19:15+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
маскав
роштқалъа
шуғнон
юсуф раҳмон
истирдод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102446/23/1024462369_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_deed4cc159291a02f20bf32d034090e2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъйид намуд, ки Амриддин Аловатшоев дар боздошт дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Аловатшоев, ки яке аз роҳбарони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Русия муаррифӣ мешавад, даҳаи дуюми моҳи январ дар Русия боздошт гардид. Дар ҳоле ки наздиконаш аз истирдоди Аловатшоев ба Душанбе хабар медоданд, расман мақомоти Тоҷикистон инро шарҳ намедоданд. Юсуф Раҳмон истирдоди Аловатшоевро таъйид намуда изҳор дошт, ки ӯ ҳанӯз аз соли 2018-ум мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт. Аммо тафсилоти иттиҳомот алайҳи ӯро ироа накард. Аловатшоеви 44-сола, зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард. Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд. Ин дар ҳолест, Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ соли 2018-ум дар феҳрасти "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ"-и шаҳри Хоруғ ва навоҳии Шуғнону Роштқалъа 7 нафарро ном бурда, иттилоъ дод, ки ба ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ дода шуд ва онҳо протоколи расмиро шахсан имзо намуданд.Манбаъ изҳор дошта буд, ки аз шаҳрвандони зикршуда талаб карда шуд, аз ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои ҷиноӣ, даъвати ҷавонон ба бетартибиҳо, ғасби иншооти давлатӣ, таҳқири намояндагони ҳокимият, гардиши силоҳ, маводи мухаддир, аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти ҷомеа худдорӣ кунанд.
маскав
роштқалъа
шуғнон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102446/23/1024462369_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_790647418c9d8b3ea3a24facc98dc9fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
макон, амриддин аловатшоев, маълум, шарҳ, раҳмон, додситон
макон, амриддин аловатшоев, маълум, шарҳ, раҳмон, додситон
Раҳмон тасдиқ кард, ки Амриддин Аловатшоев дар Душанбест
10:59 02.02.2022 (Навсозишуда: 19:15 18.02.2022) Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ истирдоди Амриддин Аловатшоев, яке аз роҳбарони ҷавонони бадахшониро ба Душанбе тасдиқ карданд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъйид намуд, ки Амриддин Аловатшоев дар боздошт дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Аловатшоев, ки яке аз роҳбарони ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Русия муаррифӣ мешавад, даҳаи дуюми моҳи январ дар Русия боздошт гардид.
Дар ҳоле ки наздиконаш аз истирдоди Аловатшоев ба Душанбе хабар медоданд, расман мақомоти Тоҷикистон инро шарҳ намедоданд.
Юсуф Раҳмон истирдоди Аловатшоевро таъйид намуда изҳор дошт, ки ӯ ҳанӯз аз соли 2018-ум мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт. Аммо тафсилоти иттиҳомот алайҳи ӯро ироа накард.
Аловатшоеви 44-сола, зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард.
Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд.
Ин дар ҳолест, Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ соли 2018-ум дар феҳрасти "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ"-и шаҳри Хоруғ ва навоҳии Шуғнону Роштқалъа 7 нафарро ном бурда, иттилоъ дод, ки ба ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ дода шуд ва онҳо протоколи расмиро шахсан имзо намуданд.
Манбаъ изҳор дошта буд, ки аз шаҳрвандони зикршуда талаб карда шуд, аз ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои ҷиноӣ, даъвати ҷавонон ба бетартибиҳо, ғасби иншооти давлатӣ, таҳқири намояндагони ҳокимият, гардиши силоҳ, маводи мухаддир, аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти ҷомеа худдорӣ кунанд.