https://sputnik.tj/20220202/muhriddin-dalelhoi-amniyati-marz-afghoniston-boz-nameshavad-1045415075.html
Муҳриддин: Ба "далелҳои амниятӣ" марз бо Афғонистон пурра боз намешавад
Муҳриддин: Ба "далелҳои амниятӣ" марз бо Афғонистон пурра боз намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба "далелҳои амниятӣ" наметавонад марзҳояшро пурра бо Афғонистон боз кунад
2022-02-02T14:35+0500
2022-02-02T14:35+0500
2022-02-02T15:35+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
марз
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/03/1030750328_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_8c72491df71310cd21e868a4bfa19012.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар робита ба мавқеи Тоҷикистон дар баробари толибон гуфт, мавқеи кишвар дар бораи ин гурӯҳ тағйир наёфтааст.Аммо дар ҳамин ҳол вай гуфт, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ва кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад.Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир беш аз 15 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад.“Ба далелҳои амниятӣ Тоҷикистон наметавонад марзҳояшро бо Афғонистон пурра боз кунад”, - гуфт вазир.Сироҷиддин Муҳриддин инчунин илова кард, ки Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон нерӯҳои иловагӣ фиристодааст.Пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи "Толибон" Тоҷикистон назорат бар сарҳадро пурзӯр кард ва чанд дафъа дар минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон тамринҳои низомӣ анҷом дод.
https://sputnik.tj/20220202/tedod-panohjuyon-afghon-tojikiston-1045411998.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103075/03/1030750328_66:0:2737:2003_1920x0_80_0_0_fd89db263294e2b3517079d7d9d0ced1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, марз, амният, толибон
тоҷикистон, афғонистон, марз, амният, толибон
Муҳриддин: Ба "далелҳои амниятӣ" марз бо Афғонистон пурра боз намешавад
14:35 02.02.2022 (Навсозишуда: 15:35 02.02.2022) Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба "далелҳои амниятӣ" наметавонанд марз бо Афғонистонро пурра боз кунанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар робита ба мавқеи Тоҷикистон дар баробари толибон гуфт, мавқеи кишвар дар бораи ин гурӯҳ тағйир наёфтааст.
Аммо дар ҳамин ҳол вай гуфт, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ва кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир беш аз 15 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
“Ба далелҳои амниятӣ Тоҷикистон наметавонад марзҳояшро бо Афғонистон пурра боз кунад”, - гуфт вазир.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин илова кард, ки Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон нерӯҳои иловагӣ фиристодааст.
Пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи "Толибон" Тоҷикистон назорат бар сарҳадро пурзӯр кард ва чанд дафъа дар минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон тамринҳои низомӣ анҷом дод.