"Хонаю замин медиҳем": раис дар Суғд роҳи пешгирӣ аз муҳоҷирати омӯзгору табибонро гуфт

© Sputnik Председатель Бободжон-Гафуровского района Согдийской области Зафарбек Давлатзода
Председатель Бободжон-Гафуровского района Согдийской области Зафарбек Давлатзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Обуна шудан
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд табибону омӯзгорони эҳтиёҷманд бо қитъаи замин ва хонаҳои истиқоматӣ таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳи пешгирӣ аз муҳоҷирати омӯзгорону табибон ба хориҷи кишварро тавзеҳ дод.
Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, масъулони соҳа теъдоди омӯзгорону табибони эҳтиёҷмандро муайян менамоянд.

"То ҳоло руйхати 26 эҳтиёҷманди соҳаи тандурустӣ ба раиси ноҳия пешниҳод шудааст. Ҳоло кор дар ин самт дар соҳаи маориф идома дорад”, - изҳор дошт ӯ.

Ӯ афзуд, барои кормандони ниёзманди соҳаҳои иҷтимоӣ дар баробари қитъаи замини наздиҳавлигӣ, инчунин замини кишоварзӣ низ ҷудо карда мешавад. Ӯ ин тасмимро як василаи беҳтар намудани вазъи иқтисодии ин қишри ҷомеа хонд.
“Ин ҳам як навъ ҳавасмандгардонӣ аст, ки онҳо берун аз кори касбии худ ба кишоварзӣ машғул шаванд ва бо ин роҳ рӯзгори худро беҳтар намоянд”, - илова намуд раиси ноҳия.
Зафарбек Давлатзода дар бораи ҳавасмандгардонии табибону омӯзгорон инчунин қайд кард, ки сохтмони як бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар ноҳия ба нақша гирифта мешавад. Вале ӯ дақиқан нагуфт, ки ин кор кай анҷом дода хоҳад шуд.
Медработники в прививочном пункте по вакцинации от COVID-19 городской поликлиники в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Музди табибон дар Тоҷикистон чанд асту чӣ қадар мешавад?
Бино ба иттилои ироашуда дар ин нишасти матбуотӣ, феълан дар ин ноҳия, ки яке аз навоҳии пурҷамъият дар Тоҷикистон мебошад, беш аз 4900 омӯзгор истихдом ва эҳтиёҷоти соҳаи маориф бароварда шудааст.
Муродҷон Ҷӯраев, сартабиби ноҳия ба рӯзноманигорон мушахассан нагуфт, ки чанд корманди тиб дар ноҳия намерасад, аммо изҳор дошт, “норасоии кадрӣ дар муқоиса ба дигар шаҳру ноҳияҳо камтар буда, танҳо дар ҷамоатҳо ин мушкил ҷой дорад”.
Дар бораи норасии кадрӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ дар ҷумҳурӣ вақтҳои охир хабарҳои бештаре ба нашр мерасанд. Чанде пеш расонаҳо дар бораи муҳоҷиршавии ҳудуди ду ҳазор омӯзгор дар вилояти Хатлон хабар дода буданд, ки ин раванд бар мушкили норасоии кадрҳо меафзояд.
Лентаи хабарҳо
0