https://sputnik.tj/20220202/hushdori-vukh-sohibkoron-hamlu-naqli-qirghiziston-istifoda-1045433471.html
Ҳушдори ВУХ ба соҳибкорон: Барои ҳамлу нақли бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунед
Ҳушдори ВУХ ба соҳибкорон: Барои ҳамлу нақли бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунед
Sputnik Тоҷикистон
Хоҳиши ВУХ аз соҳибкорон: Барои ҳамлу нақли бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунед
2022-02-02T19:40+0500
2022-02-02T19:40+0500
2022-02-02T19:40+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
вух-и тоҷикистон
транзит
ҳамлу нақл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки барои ба ҳамлу нақли мусофирону бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.“Дар робита ба қарори Девони Вазирони Қирғизистон №12-р, аз 21 майи соли 2021, ки бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳишманд аст, ки аз ҳама гуна сафар ба Қирғизистон ва ё убури транзитӣ ба кишварҳои дигар аз тариқи қаламрави Қирғизистон худдорӣ намоянд”, - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.Ҳамзамон ВУХ-и Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, хоҳиш кардааст, аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.ВУХ гуфтааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба сафорати кишвар дар Бишкек муроҷиат кунанд.Ёдрас менамоем, ки ВУХ-и Тоҷикистон дар як баёнияи дигаре аз шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик хоҳиш карда буд, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20220202/vukh-shahrvandon-donishjuyoni-tojikiston-safar-qirghiziston-khuddori-1045431453.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, ҳудуд, истифода, соҳибкорон, ҳушдор
тоҷикистон, қирғизистон, ҳудуд, истифода, соҳибкорон, ҳушдор
Ҳушдори ВУХ ба соҳибкорон: Барои ҳамлу нақли бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунед
ВУХ ба соҳибкорон ҳушдор додааст, дар ҳамлу нақли бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки барои ба ҳамлу нақли мусофирону бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
“Дар робита ба қарори Девони Вазирони Қирғизистон №12-р, аз 21 майи соли 2021, ки бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳишманд аст, ки аз ҳама гуна сафар ба Қирғизистон ва ё убури транзитӣ ба кишварҳои дигар аз тариқи қаламрави Қирғизистон худдорӣ намоянд”, - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Ҳамзамон ВУХ-и Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, хоҳиш кардааст, аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
ВУХ гуфтааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба сафорати кишвар дар Бишкек муроҷиат кунанд.
Ёдрас менамоем, ки ВУХ-и Тоҷикистон дар як баёнияи дигаре аз шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик хоҳиш карда буд, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд.