https://sputnik.tj/20220131/tojik-muhoriba-qahramon-jahon-1045339245.html
Тоҷик барои нахустин бор дар риштаи муҳорибаи омехта қаҳрамони ҷаҳон шуд
Тоҷик барои нахустин бор дар риштаи муҳорибаи омехта қаҳрамони ҷаҳон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон як медали тилло, се нуқра ва ҳамин миқдор медали биринҷӣ ба даст овард
2022-01-31T08:00+0500
2022-01-31T08:00+0500
2022-01-31T12:20+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045338900_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_51de6f2fa108ea4e185881de53a0c8d0.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Размикори шинохтаи тоҷик Асадбек Маннонов дар риштаи муҳорибаи омехта (ММА) байни калонсолон ва наврасон дар вазни то 120+ кг қаҳрамони ҷаҳон шуд. Маннонов дар даври ниманиҳоӣ бар Дмитрий Бабаеви рус ва дар набарди ниҳоӣ бар Микита Тсибуляи украинӣ пирӯз шуд.Ба гуфтаи доварон, варзишгар яке аз набардҳои ҷолибтаринро ба намоиш гузошта, аввалин қаҳрамони ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта (IMMAF) аз Тоҷикистон гардид. Маннонов қайд кард, ки барои ӯ ин комёбии олӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дигар тоҷикон, ки дар ин мусобиқа ширкат доштанд, низ натиҷаҳои хуб касб карданд.Нуқраҳо насиби Беҳрӯз Хуршедзода (70 кг), Қосим Сардоров (77 кг) ва Ҷовидон Маҳмудов (77 кг) гардиданд. Медалҳои биринҷиро Ёқубҷон Сафаров, Муҳаммад Салоҳиддинов ва Бахтиёр Ҳусайнов гирифтанд. Ин варзишгарон кишварро дар вазни 52 кило намояндагӣ мекарданд.Қобили зикр аст, ки ин аввалин баромади размикорони Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ММА-и ҷаҳон мебошад, ки дар таърихи 10-солаи IMMAF калонтарин чорабинӣ аст. Мусобиқа дар варзишгоҳи Ҷиу-Ҷитсуи шаҳри Абузабӣ баргузор шуд. Дар мусобиқа 500 нафар варзишгар аз 60 кишвари ҷаҳон маҳорати худро нишон доданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045338900_37:0:948:683_1920x0_80_0_0_d24c18fd6513d2cf834cf05e959ba6a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷик қаҳрамон ҷаҳон варзиш
тоҷик қаҳрамон ҷаҳон варзиш
Тоҷик барои нахустин бор дар риштаи муҳорибаи омехта қаҳрамони ҷаҳон шуд
08:00 31.01.2022 (Навсозишуда: 12:20 31.01.2022) Дастаи мунтахаби Тоҷикистон як медали тило, се нуқра ва ба ҳамин миқдор медали биринҷӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Размикори шинохтаи тоҷик Асадбек Маннонов дар риштаи муҳорибаи омехта (ММА) байни калонсолон ва наврасон дар вазни то 120+ кг қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Маннонов дар даври ниманиҳоӣ бар Дмитрий Бабаеви рус ва дар набарди ниҳоӣ бар Микита Тсибуляи украинӣ пирӯз шуд.
Ба гуфтаи доварон, варзишгар яке аз набардҳои ҷолибтаринро ба намоиш гузошта, аввалин қаҳрамони ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта (IMMAF) аз Тоҷикистон гардид.
Маннонов қайд кард, ки барои ӯ ин комёбии олӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дигар тоҷикон, ки дар ин мусобиқа ширкат доштанд, низ натиҷаҳои хуб касб карданд.
"Ин ғалаба барои кишвари ман, оилаи ман ва барои ман аст", - таъкид кард варзишгар.
Нуқраҳо насиби Беҳрӯз Хуршедзода (70 кг), Қосим Сардоров (77 кг) ва Ҷовидон Маҳмудов (77 кг) гардиданд.
Медалҳои биринҷиро Ёқубҷон Сафаров, Муҳаммад Салоҳиддинов ва Бахтиёр Ҳусайнов гирифтанд. Ин варзишгарон кишварро дар вазни 52 кило намояндагӣ мекарданд.
Қобили зикр аст, ки ин аввалин баромади размикорони Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ММА-и ҷаҳон мебошад, ки дар таърихи 10-солаи IMMAF калонтарин чорабинӣ аст.
Мусобиқа дар варзишгоҳи Ҷиу-Ҷитсуи шаҳри Абузабӣ баргузор шуд. Дар мусобиқа 500 нафар варзишгар аз 60 кишвари ҷаҳон маҳорати худро нишон доданд.