Ширкати муҳандисии нақбҳои эронӣ барои кор дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд

© Flickr \ Chris PriceТоннель "Истиклол". Архивное фото
Тоннель Истиклол. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Як ширкати муҳандисии нақбҳои эронӣ эълон кардааст, ки ба коргарони тахассусӣ ниёз дорад ва барои ҷалби онҳо ба кор дар Тоҷикистон озмун эълон кардааст
ДУШАНБЕ, 31янв — Sputnik. Як ширкати эронӣ, ки дар бахши муҳандисии нақб фаъолият мекунад, тасмим дорад, теъдоде аз коргарони тахассусиро ба кор ҷалб намояд, иттилоъ додааст хабаргузории “Порс тудэй”.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин қувваҳои корӣ бояд дар Тоҷикистон мустақар шаванд.
Ширкати эронӣ ҳамчунин эълон кард, афроде, ки қобилияти кор бо шаҳодатномаи ронандагӣ ва булдозеру экскаваторро доранд, метавонанд барои кор ба ин ширкат муроҷиат кунанд.
Коргарон 5 сол собиқаи корӣ ва ҳадди аксар 40-сола яке аз шартҳои шуғл дар ин ширкат аст.
Қайд карда шудааст, коргарон бояд 50 рӯз кор ва 14 рӯз истироҳат мекунанд.
Мухаммадтаки Сабири посол Ирана в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Муҳаммадтақии Собирӣ: Эрон ҳамвора аз сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳимоят кардааст
Ёдрас менамоем, чанде пеш Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон иттилоъ дода буд, дар 30 соли равобит беш аз 170 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрону Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯсту ҳамзабонро таъриф мекунанд ва нақши таъйинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Вай гуфт, Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохторҳо, тавсеаву шукуфоии Тоҷикистони азиз дошта, ҳамвора аз пешрафтҳои рӯзафзуни ин кишвар хурсанд буда, муфтахар аст, ки ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла тарҳи садду нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", нақби "Истиқлол", иҷрои тарҳи софкунии оби Душанбе ва лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон ҳузури фаъол доштаву доранд.
Ҳамзамон сафири Эрон афзуд, ки ду кишвар дар таъмини маҳсулоти мавриди ниёзи якдигар аз тавонмандӣ ва зарфияти болое бархурдоранд.
“Эрон метавонад дар ҳавзаи технологияҳои навин, аз ҷумла нанотехнология, таҷрибаҳо ва тавсеаи марказҳои саноатӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд”, - таъкид кардааст сафири Эрон дар Душанбе.
Лентаи хабарҳо
0