https://sputnik.tj/20220131/hisor-tajovuz-jiyan-zindon-1045350699.html
Сокини шаҳри Ҳисор барои таҷовузи ҷияни ноболиғаш 20 сол зиндонӣ шуд
Сокини шаҳри Ҳисор барои таҷовузи ҷияни ноболиғаш 20 сол зиндонӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон мардеро барои таҷовузи ҷияни ноболиғаш равонаи зиндони низомаш сангин карданд
2022-01-31T14:46+0500
2022-01-31T14:46+0500
2022-01-31T19:59+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
парванда
ҳукм
додгоҳи олӣ
таҷовуз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1e/1031992747_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_b9832ee662e148e8cea9e17fb87301a8.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Коллегияи судии парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбати шаҳрванд Саминов Нозимҷон Ашӯралиевич, ки дар таҷовуз ба номуси як ноболиғ муттаҳам мешавад, ҳукм содир кард. Бино ба иттилои маркази матбуотии Додситонии кулли кишвар, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва додгоҳӣ мушаххас шудааст, ки сокини шаҳри Ҳисор Саминов моҳи сентябри соли 2021 ҷияни ноболиғи худро таҷовуз кардааст. Духтар бинобар дар муҳоҷират, дар Русия будани волидонаш зери парастории амакаш Саминов қарор доштааст, ки волидон ӯро бовар карда, парастории фарзандашонро ба вай супурдаанд. Нозимҷон Саминов 21 сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор ҷияни худро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.Нисбати Саминов бо моддаи 138, қисми 3, банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бо қарори Коллегияи парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нозимҷон Саминов барои адои ҷазо дар колонияи низомаш сахт ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ёдовар мешавем, ин нахустин мавриди таҷовузи ноболиғон набуда, дар гузашта низ додгоҳҳои кишвар шоҳиди чунин мурофиаҳо, ҳатто пурсарусадотарин қазияҳо аз ин будааст.
https://sputnik.tj/20210826/tafsilot-tajovuz-qatl-duhtarcha-huroson-navor-1041901337.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1e/1031992747_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_b26a2a59da901aa445d84b435387d81a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳисор таҷовуз ноболиғ зиндон
ҳисор таҷовуз ноболиғ зиндон
Сокини шаҳри Ҳисор барои таҷовузи ҷияни ноболиғаш 20 сол зиндонӣ шуд
14:46 31.01.2022 (Навсозишуда: 19:59 31.01.2022) Дар Тоҷикистон мардеро барои таҷовузи ҷияни ноболиғаш равонаи зиндони низомаш сангин карданд
ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Коллегияи судии парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи Олии Тоҷикистон нисбати шаҳрванд Саминов Нозимҷон Ашӯралиевич, ки дар таҷовуз ба номуси як ноболиғ муттаҳам мешавад, ҳукм содир кард.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Додситонии кулли кишвар, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва додгоҳӣ мушаххас шудааст, ки сокини шаҳри Ҳисор Саминов моҳи сентябри соли 2021 ҷияни ноболиғи худро таҷовуз кардааст.
Духтар бинобар дар муҳоҷират, дар Русия будани волидонаш зери парастории амакаш Саминов қарор доштааст, ки волидон ӯро бовар карда, парастории фарзандашонро ба вай супурдаанд.
Нозимҷон Саминов 21 сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор ҷияни худро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.
Нисбати Саминов бо моддаи 138, қисми 3, банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бо қарори Коллегияи парвандаҳои ҷиноии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нозимҷон Саминов барои адои ҷазо дар колонияи низомаш сахт ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Ёдовар мешавем, ин нахустин мавриди таҷовузи ноболиғон набуда, дар гузашта низ додгоҳҳои кишвар шоҳиди чунин мурофиаҳо, ҳатто пурсарусадотарин қазияҳо аз ин будааст.