https://sputnik.tj/20220131/bozdosht-afv-kormand-vkd-1045340392.html
Боздошт ва афви корманди ВКД, ки дар гирифтани 128 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешуд
Боздошт ва афви корманди ВКД, ки дар гирифтани 128 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешуд
Sputnik Тоҷикистон
Як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми истифодаи мақоми хизматӣ муттаҳам мешавад
2022-01-31T10:05+0500
2022-01-31T10:05+0500
2022-01-31T12:05+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
боздошт
корманди вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_8d5defc7ad87e1cf761974b73b774ca7.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи №1-и ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе И.И.У-ро боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматияш ба ҷинояти тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифода аз боварӣ, бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ даст задааст.Ин корманди мақомот зимни шиносоӣ бо шаҳрванд “А” боварии охиронро ба даст оварда, ваъдааш медиҳад, ки бар ивази маблағи 150000 сомонӣ як манзили истиқоматии дуҳуҷраии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковски 50, ҳуҷраи 35-ро, ки соҳибмулки он вафот карда ва ягон меросхӯр надорад, ба номи ахирӣ аз тариқи қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ мекунад ва ба ӯ медиҳад.Гуфта мешавад, боздоштшуда бо мақсади анҷом додани нияти ҷинояткоронаи худ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр, аз маблағи талабнамудааш 128000 сомониро ба тасарруфи худ дароварда, ягон амалро ба манфиати ахирӣ иҷро накардааст.Барои ин кирдор алайҳи корманди ВКД бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф", он қатъ карда шуд.Ин нахустин боздошти кормандони ниҳоди интизомӣ аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод нест, қаблан низ чунин ҳолатҳо расонаӣ шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220122/kormand-pulisi-dushanbe-shantazhi-finlandiya-1045059209.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_194:0:915:541_1920x0_80_0_0_0608625de3d0c39d67de24975583429e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт афв корманд вкд,
Боздошт ва афви корманди ВКД, ки дар гирифтани 128 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешуд
10:05 31.01.2022 (Навсозишуда: 12:05 31.01.2022) Як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба суистифода аз мақоми хидматияш муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи №1-и ВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе И.И.У-ро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз мақоми хизматияш ба ҷинояти тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифода аз боварӣ, бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ даст задааст.
Ин корманди мақомот зимни шиносоӣ бо шаҳрванд “А” боварии охиронро ба даст оварда, ваъдааш медиҳад, ки бар ивази маблағи 150000 сомонӣ як манзили истиқоматии дуҳуҷраии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковски 50, ҳуҷраи 35-ро, ки соҳибмулки он вафот карда ва ягон меросхӯр надорад, ба номи ахирӣ аз тариқи қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ мекунад ва ба ӯ медиҳад.
Гуфта мешавад, боздоштшуда бо мақсади анҷом додани нияти ҷинояткоронаи худ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр, аз маблағи талабнамудааш 128000 сомониро ба тасарруфи худ дароварда, ягон амалро ба манфиати ахирӣ иҷро накардааст.
Барои ин кирдор алайҳи корманди ВКД бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф", он қатъ карда шуд.
Ин нахустин боздошти кормандони ниҳоди интизомӣ аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод нест, қаблан низ чунин ҳолатҳо расонаӣ шуда буданд.