https://sputnik.tj/20220130/vadai-gubernatori-viloyati-maskav-zindagii-muhojiron-1045329735.html
Ваъдаи губернатори вилояти Маскав дар бораи беҳтар намудани зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ
Ваъдаи губернатори вилояти Маскав дар бораи беҳтар намудани зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Воли ё губернатори вилояти Маскав шарҳ дод, чӣ гуна мехоҳад мушкилоти муҳоҷиронро дар вилояти Маскав ҳал кунад
2022-01-30T13:45+0500
2022-01-30T13:45+0500
2022-01-31T14:17+0500
муҳоҷират
шароит
зиндагӣ
вилояти назди маскав
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042259125_0:29:3074:1758_1920x0_80_0_0_831b5a329f820b33ca3cb349bbb458b3.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Мушкилоти муҳоҷирон дар вилояти Маскав ҳал хоҳад шуд. Дар ин бора Андрей Воробёв, волии вилояти Маскав дар як наворе гуфтааст, ки шабакаи "Telegram 360" онро нашр кардааст.Вай ба муҳим будани ин мавзуъ таъкид ва қайд кард, ки сокинони маҳаллӣ аз вазъи зиндагии муҳоҷирон нигаронанд.Ба гуфтаи волии вилояти Маскав, тағйироти дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилот аллакай барои баррасӣ равон карда шудааст ва дар оянда ин пешниҳодҳо ба қонуни федералӣ дохил карда мешаванд.“Мо ин корро муҳим медонем”, — қайд кард роҳбари вилояти Маскав.Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия бояд як "раванди мутамаддин" бошад, аммо дар ин маврид мушкилот вуҷуд дорад.Ба гуфтаи ӯ, қонунгузории Русия дар умури муҳоҷират тағйир хоҳад ёфт ва тасмимҳои гирифташуда "ҳам нарм ва ҳам ҳалкунанда" хоҳанд буд.Оқои Медведев афзуд, ки қоидаҳои воридшавӣ бояд барои хориҷиён муносиб ва ҳамзамон сахтгир бошанд. Бояд нафароне, ки ба Русия ба кор мераванд, қонунгузории ин кишварро пурра риоя кунанд.Вай тавзеҳ дод, ки имрӯзҳо ҳеҷ кишваре наметавонад бидуни вуруди муҳоҷирон фаъолият кунад. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ҳамо ҷо ҳаст ва нақзи қонун низ вуҷуд дорад.Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, бархе аз тасмимҳо дар мавриди тағйири муқаррарот дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ алакай гирифта шуда ва бархе аз онҳо дар марҳилаи омодашавӣ ҳастанд.Медведев ёдовар шуд, ҳар нафаре, ки ба кор меояд, бояд забони русиро донад ва фарҳанги ин кишварро низ дарк кунад.Ба гуфтаи сиёсатмадор, ин ба хориҷиён барои мутобиқшавиашон ба шароити зиндагӣ дар Русия кумак мекунад.
https://sputnik.tj/20220128/medvedev-taghyirot-muhojirat-1045292360.html
вилояти назди маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042259125_326:0:3055:2047_1920x0_80_0_0_bad130a7e63ef7423d9aedf31e2705f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, зиндагӣ, беҳтар намудан, вилояти маскав
русия, муҳоҷират, зиндагӣ, беҳтар намудан, вилояти маскав
Ваъдаи губернатори вилояти Маскав дар бораи беҳтар намудани зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ
13:45 30.01.2022 (Навсозишуда: 14:17 31.01.2022) Воли ё губернатори вилояти Маскав шарҳ дод, чӣ гуна мехоҳад мушкилоти муҳоҷиронро дар вилояти Маскав ҳал кунад
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Мушкилоти муҳоҷирон дар вилояти Маскав ҳал хоҳад шуд. Дар ин бора Андрей Воробёв, волии вилояти Маскав дар як наворе гуфтааст, ки шабакаи "Telegram 360" онро нашр кардааст.
Вай ба муҳим будани ин мавзуъ таъкид ва қайд кард, ки сокинони маҳаллӣ аз вазъи зиндагии муҳоҷирон нигаронанд.
"Гап дар он аст, ки агар шумо дар сохтмон ё маҷмааи логистикӣ кор мекунед, шумо бояд барои муҳоҷирон зиндагии роҳату бехатарро фароҳам созед, то дар миёни сокинон нигароние пайдо нашавад", - гуфт Воробёв.
Ба гуфтаи волии вилояти Маскав, тағйироти дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилот аллакай барои баррасӣ равон карда шудааст ва дар оянда ин пешниҳодҳо ба қонуни федералӣ дохил карда мешаванд.
“Мо ин корро муҳим медонем”, — қайд кард роҳбари вилояти Маскав.
Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия бояд як "раванди мутамаддин" бошад, аммо дар ин маврид мушкилот вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи ӯ, қонунгузории Русия дар умури муҳоҷират тағйир хоҳад ёфт ва тасмимҳои гирифташуда "ҳам нарм ва ҳам ҳалкунанда" хоҳанд буд.
Оқои Медведев афзуд, ки қоидаҳои воридшавӣ бояд барои хориҷиён муносиб ва ҳамзамон сахтгир бошанд. Бояд нафароне, ки ба Русия ба кор мераванд, қонунгузории ин кишварро пурра риоя кунанд.
Вай тавзеҳ дод, ки имрӯзҳо ҳеҷ кишваре наметавонад бидуни вуруди муҳоҷирон фаъолият кунад. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ҳамо ҷо ҳаст ва нақзи қонун низ вуҷуд дорад.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, бархе аз тасмимҳо дар мавриди тағйири муқаррарот дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ алакай гирифта шуда ва бархе аз онҳо дар марҳилаи омодашавӣ ҳастанд.
Медведев ёдовар шуд, ҳар нафаре, ки ба кор меояд, бояд забони русиро донад ва фарҳанги ин кишварро низ дарк кунад.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, ин ба хориҷиён барои мутобиқшавиашон ба шароити зиндагӣ дар Русия кумак мекунад.