Тавофуқи Афғонистону Туркманистон дар мавриди интиқоли барқ

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Дар сафари ҳайати Туркманистон ба Кобул ва дар дидор бо мудири кулли ширкати барқи Афғонистон роҳҳои суръат бахшидан ба анҷоми умури ҳуқуқӣ ва фаннии интиқоли барқ ба ин кишвар баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ҳофиз Муҳаммадин, мудири кулли ширкати барқи Афғонистон “Брешно” бо Мурод Ортиқов, раиси бахши пружаҳои байналмилалии барқи Вазорати энержии Туркманистон дидор ва дар мавриди тасреъ дар анҷоми умури ҳуқуқӣ ва фаннӣ дар таъмини барқ, аз ҷумла интиқоли барқи Туркманистон – Афғонистон – Покистон (TAP) гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории "Форс".
Мудири кулли ширкати барқи Афғонистон дар дидор бо ҳайати Туркманистон дар мақари ширкати “Брешно” таъкид кард, ки Ашқобод шарики мавриди эътимоди ин ширкат дар пружаҳои барқ аст.
Муҳаммадамин ибрози умедворӣ кард, ки эҷоди нақшаи роҳи муштарак, тарҳҳои энержӣ ва бавижа истгоҳи барқи Афғонистонро суръат бахшанд.
Международный день мигрантов в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Вокуниши толибон ба изҳороти Байден дар бораи ваҳдати имконнопазир дар Афғонистон
Раиси бахши пружаҳои байналмилалии барқи Вазорати энержии Туркманистон ҳадаф аз сафари худро тақвияти равобити байни Вазорати энержии Туркманистон ва ширкати "Брешно" унвон кард.
Бо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории наздик дар робита ба "Брешно" пружаҳои барқи Афғонистон, ТАП, хатти барқи Андхӯй - Кобул мувофиқат ҳосил хоҳад шуд .
Дар ин дидор Хоҷа Авазов, сафири Туркманистон дар Кобул низ ҳузур дошт.
Лентаи хабарҳо
0