Шикасти мунтахаби наврасони тоҷик аз бозигарони академияи "Краснодар"

© Pixabay Женский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол бо дастаи академияи "Краснодар" дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар бозӣ бо футболбозони академияи "Краснодар" бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии тими наврасони ҷумҳурӣ (U-16) бо дастаи академияи "Краснодар" дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд. Феълан тими наврасони Тоҷикистон барои тамрин дар Туркия қарор дорад.
ФФТ мегӯяд, ягона голи тими Тоҷикистонро ба дарвозаи тарбиятгирандагони "Краснодар" Масрур Ғафуров ворид намуд.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Сармураббии хорватӣ гуфт, Тоҷикистон пешаш чӣ шарт гузоштааст
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар доираи сафараш ба Анталия тими Тоҷикистон бо ҳамсолонаш аз Булғористон бозиро мусовӣ - 1:1 анҷом дод.
Инчунин дар Туркия бозиҳои тамринотии дигари тими наврасони Тоҷикистон дар нақша аст. Рӯзи 31-уми январ бозигарони тоҷик бори дигар бо ҳамсолонашон аз Булғористон вориди майдон мешаванд.
Бозии ниҳоӣ дар Туркия бо мунтахаби наврасони Мексика ба нақша гирифта шудааст, ки 3 феврал баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0