Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ятимов: Даст фишурда, қавл додем, ки санадҳои имзошударо иҷро мекунем - видео

Обуна шудан
Раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз музокирот бо ҳамтои қирғизаш гуфт, ҳама масъалаҳо бояд дар заминаи дуҷониба, дар заминаи ҳуқуқӣ ва ба манфиати ду кишвар ҳал шаванд
Саймумин Ятимов, раиси КДАМ гуфт, "бо Ташиев хеле муфассал суҳбат кардам, ҳамаи масъалаҳоро муҳокима кардем. Мувофиқат кардем, ки дар рафти гуфтушунид "хуҷҷатҳои асосӣ ва натиҷаҳои кори комиссияҳо"-ро дар назар доштан лозим аст".
Вай гуфт, саркашӣ аз иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва протоколҳои имзошуда сабаби низоъ дар марз мегардад
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талаботи протоколҳо бояд риоя шавад. Аз чумла сухан дар бораи протоколи рақами 39 меравад. Пас аз ҳашт рӯз ҷонибҳо ба иҷрои ин протокол шуруъ карда, аз рӯи бандҳои имзошудаи ин санад кор хоҳанд кард.
Ятимов илова кард, ки пас аз ҳашт рӯз комиссияҳои паритетӣ болои масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ кор мекунанд. Ин кор барои ҳалли ҳама масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад пайваста анҷом дода мешавад.
Суҳбати рӯ ба рӯи Тошиев ва Ятимов: тафсилоти музокироти дуюм
Вай гуфт, ҳама масъалаҳо бояд дар заминаи дуҷониба, дар заминаи ҳуқуқӣ ва ба манфиати ду кишвар ҳал шаванд.
“Даст фишурда, қавл додем, ки тамоми созишҳои байни раисони комиссияҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро иҷро кунем”, - гуфт Ятимов.
Дар ҳимин ҳол Қамчибек Тошиев илова кард, тасмим гирифта шуд, ки кори комиссияи байниҳукуматии делимитатсия ва аломатгузории марз аз сар гирифта шавад. Кори ин маҷлис ду моҳ пеш боздошта шуда буд.
“Комиссия дар асоси протоколҳо, қонунҳо ва манфиатҳои ҳар ду давлат доимй кор мекунад. Имрӯз ягон санад имзо нашуд, аммо Тошиев бовар дорад, ки "сухану дастфишурии мо амалӣ мешавад", - қайд кард Тошиев.
Лентаи хабарҳо
0