https://sputnik.tj/20220129/yarmarka-asht-kor-1045322287.html
Чанд нафар дар ярмаркаи ноҳияи Ашт соҳиби ҷои кор шуд?
Чанд нафар дар ярмаркаи ноҳияи Ашт соҳиби ҷои кор шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Ба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 135 нафар ба ҷустуҷӯи кор омаданд
2022-01-29T18:02+0500
2022-01-29T18:02+0500
2022-01-29T18:02+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ашт
музди кор
ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/33/1024183373_0:0:4986:2805_1920x0_80_0_0_491d224c2ef8aae744202cd067079163.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар даромадгоҳи "Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов"-и ноҳияи Ашт ярмаркаи ҷойи кори холӣ баргузор шуд.Ин ярмарка аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт гузаронида шудааст, хабар медиҳа, ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.Тибқи иттилои манбаъ, дар ярмарка аз 17 ташкилоту корхонаҳо намояндагон бо пешниҳоди 126 ҷойи кор иштирок намудаанд. Дар ярмарка 135 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯй иштирок намуда, 26 нафар бекорон ба коргоҳи дӯзандагии ҶДММ "Рахшона" тавсиянома гирифтанд. Ба 7 нафар маслиҳатҳои машваратӣ, ба 12 нафар шаҳрвандони корҷӯйи Ҷамоати деҳоти Меҳробод доир ба курси кӯтоҳмуддати "Бофандагӣ" маслиҳат дода шудааст. Инчунин 20 нафар шаҳрвандони бекори дар қайди шуъба буда, ба ҶДММ "Рахш Р.М" барои кори ҷамъиятии музднок фаро гирифта шудаанд.Манбаъ афзуда, ки аз тарафи мутахассисони шуъба миёни корҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида шудаанд.Дар бораи миқдори музди онҳое, ки ҷои кор пайдо кардаанд, гузориш дода нашудааст.
https://sputnik.tj/20220117/vadai-rustami-emomali-baroi-tashkili-joi-kori-1044872295.html
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/33/1024183373_623:0:4363:2805_1920x0_80_0_0_38671cba4884143bd318f4f1ad6f30a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ярмарка, ноҳияи ашт
Чанд нафар дар ярмаркаи ноҳияи Ашт соҳиби ҷои кор шуд?
Ба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 135 нафар ба ҷустуҷӯи кор омаданд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар даромадгоҳи "Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов"-и ноҳияи Ашт ярмаркаи ҷойи кори холӣ баргузор шуд.
Ин ярмарка аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт гузаронида шудааст, хабар медиҳа, ақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ярмарка аз 17 ташкилоту корхонаҳо намояндагон бо пешниҳоди 126 ҷойи кор иштирок намудаанд.
Дар ярмарка 135 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯй иштирок намуда, 26 нафар бекорон ба коргоҳи дӯзандагии ҶДММ "Рахшона" тавсиянома гирифтанд.
Ба 7 нафар маслиҳатҳои машваратӣ, ба 12 нафар шаҳрвандони корҷӯйи Ҷамоати деҳоти Меҳробод доир ба курси кӯтоҳмуддати "Бофандагӣ" маслиҳат дода шудааст.
Инчунин 20 нафар шаҳрвандони бекори дар қайди шуъба буда, ба ҶДММ "Рахш Р.М" барои кори ҷамъиятии музднок фаро гирифта шудаанд.
Манбаъ афзуда, ки аз тарафи мутахассисони шуъба миёни корҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида шудаанд.
Дар бораи миқдори музди онҳое, ки ҷои кор пайдо кардаанд, гузориш дода нашудааст.