Чоршанбе сурудеро, ки ҳамагон аз ёд медонанд, бо услуби ҷадид сароид - видео

© Facebbok / Чоршанбе АловатовЧоршанбе Аловатов
Чоршанбе Аловатов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Обуна шудан
Сарояндаи ҷавон, ки қасд дошт бо омехта кардани услубҳои гуногун оҳангҳои нав бисозад, суруди маъмулро бозхонӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Чоршанбе Аловатов сарояндаи ҷавони тоҷик суруди машҳури "Я встретил девушка" - ро бо услуби ҷадид сароид.
Овозхони ҷавон бо нашри ин суруд дар саҳифаи Instagram-аш, ки ба таври зинда иҷро кардааст, мегӯяд минбаъд чунин сурудҳои машҳурро бо услуби нав бештар хоҳад иҷро кард.
Чоршанбе Аловатов, пас аз пирӯзӣ дар озмуни байнламилалии "Central Asia Got Talent" машҳур шуд. Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, талош мекунад, бо омезиши жанрҳои халқӣ ва муосир санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ кунад.

"Я встретил девушку" (Ман бо духтаре вохӯрдам)

"Я встретил девушку” нахустин филми рангаи ҳунарии "Тоҷикфилм" аст, ки соли 1957 дар шаҳри Сталинобод -- пойтахти онвақтаи Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст.
"Ман бо духтаре вохӯрдам" суруди машҳурест, ки пас аз садо додан дар филм машҳур шуд. Ин суруд моли зеҳнии тоҷикон буда, берун аз кишвар онро борҳо овозхонони машҳур бозхонӣ кардаанд.
Матни ин сурудро таҳти унвони "Дидам ҷамоле", шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода навишта оҳангашро Зиёдулло Шаҳидӣ эҷод кардааст.
Суруди машҳури ин филмро бисёриҳо дар Тоҷикистону берун аз он ба тоҷику русӣ аз ёд медонанд ва замзама мекунанд.
Ин шеърро шоири руси Регистон ба русӣ тарҷума карда ва Рашид Бейбутов сурудааст.
Лентаи хабарҳо
0